arzon replenishment
ҒУЛОМИН НАФС (ҚИСМИ 1)
28.09.2021
ДИЛОШӮБ
3944

                         Бачасурат

Гулбоғ дар оилаи камбағал ба дунё омада, аз хурдӣ барои як пора нон чӣ қадар меҳнати сахт карданро хуб медонист. Падараш устои оҳангар буду модараш хонашин, чун даврони технологияи навин асту мардум ба чизҳои месохтаи як оҳангари деҳотӣ он қадар таваҷҷуҳ ҳам надоштанд, амаки Миралӣ бо каланду кафгири калони ошпазӣ ё сарпӯшҳои тунукагии барои дегҳо месохтааш он қадар пуле намеёфт, ки оилаи калонашро хӯронаду пӯшонад. Ба ҳар ҳол кӯшиш мекард, ҳамсараш Сайлонбӣ шабу рӯз кӯрпаю кӯрпачаи мардумро медӯхт, ё мешӯсту аз нав дӯхта медод, дар полизи мардум кор мекард то ба шавҳари меҳнатияш каме ҳам бошад, ёрдам расонад. Падару модари меҳнатӣ шаш духтар доштанд, холаи Сайлонбӣ дар синни 45- солагӣ мехост боз як фарзанди дигар таваллуд кунад, шояд писар мешавад гуфта… Вале амаки Миралӣ ӯро аз ин иқдомаш боздошта гуфт:

-Не, занак… Насиби Худо бошад, духтаронамон калон мешаванду бароямон набераписар ҳадя мекунанд…

Ҳамин тавр, панҷ духтарашон пайи ҳам шавҳар карда, порисаи падариро тарк гуфтанд. Домодҳо ҳамагӣ аз оилаи камбағал буданду зиндагии духтарон хеле оддӣ мегузашт. Духтари кенҷагӣ Гулбоғ бошад, аз ягон писар камӣ надошту шӯху шаттоҳ, вале танбалу коргурез буд…

                                   Балодухтар

Рӯзе набуд, ки ягон ҳамсоя барои ҷанҷол ба сари падару модари Гулбоғ наояд, ӯ духтаронеро, ки ӯро камбағалаку сиёҳаки безеб мегуфтанд, мурдакӯб мекард. Тирезаи хонаҳоро бо камонғулак зада мешикаст, шохи дарахтонро мешикаст, хулоса балои тайёр буд. Аммо бо гузашти солҳо калон шуду каме ором гирифт, падару модар мехостанд духтари кенҷагияшонро ба ягон ҷавони ботавфиқ дода, хонаву дарашонро низ ба онҳо бахшанд. То дами пирӣ дастгиру мададгорашон бошанд, аммо ба Гулбоғ хостгор намебаромад. Ӯ сиёҳаки лоғарандом буд, либосҳои арзонбаҳоро гирифта, ба тарзи худ медӯхт, ба онҳо сангҳои ҷилодоре часпонда, ба гӯшу гардану дастонаш ороишоти арзонбаҳои зиёде меовехт. Мардум ӯро дар ғайбаш Гулӣ-сиган мегуфтанд. Духтарак инро фаҳмад ҳам, чизе намегуфт, ҷанг намекард, худро хандонрӯю боадаб нишон медод, ки қадри аз ин ҳам пасташ пасттар нагардад. Чун апаҳояш насиҳаташ мекарданд, ки худатро ба ҷӯгӣ монанд накун, бо онҳо моҷаро мебардошту фарёд мезад:

-Коратон ба ман набошад, апа шуда, бароям ягон курта харидед, ки гап мезанед? Ҳамроҳи шавҳарони бекафанатон зиндагӣ карда гардед!

Апаҳояш дигар чизе намегуфтанд, Гулбоғ аз он ки ҳама дугонаҳояш шавҳар кардаанду ба ӯ ягон ҷавон нимнигоҳ намекунад, хун мехӯрд… Хун мехӯрду аммо аз дасташ коре намеомад…

                              Кампираки мушкилкушо

Мегӯянд, ки фарзанд чӣ гунае бошад, барои модар азиз аст. Холаи Сайлонбӣ дид, ки синни духтараш ба бисту ҳафт мерасаду хостгоре надорад, аз пайи дармон шуд. Хоҳараш ба вай маслиҳат дод, ки ба деҳаи онҳо биёянд, ба назди як кампираки масеҳонафас мераванд, шояд ин боиси кушодани бахти духтараш мешавад. Холаи Сайлонбӣ кулчаю қатлама пухту аз меваҳои боғашон дастовез бардошта, назди кампираки бахткушо равон шуд. Чун ба хонаи хоҳараш расид, баъди нӯшидани як пиёла чой гуфт:

-Э хоҳарҷон, наход дар ҳамин қадар сол, донӣ, ки ҳамин гуна инсонҳои кордон ҳастанду маро хабар накунӣ?!

Хоҳараш дар ҷавоб гуфт, ки кампирак аз як деҳаи дурдасти кӯҳистон ба меҳмонӣ ба хонаи писари акааш омадаасту ба қарибӣ меравад. Ӯ муқими ин ҷо нест… Холаи Сайлонбӣ бо шунидани ин гапҳо хоҳарашро маҷбур кард, ки тезтар хеста, ба назди кампир раванд. Соҳибхона меҳмонҳоро назди кампирак бурду гуфт:

-Бахтатон омад кард, ки омадед, субҳи дигар момаамро писараш омада мебарад.

Кампирак меҳмонҳоро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифта гуфт:

-Бачам, ман на муллояму на фолбин, дар як бандаки сафед дуои бахткушоёнро хонда медиҳам, он тарафаш кори Худо.

Холаи Сайлонбӣ садқаю балогардони кампирак гашту қиссаи беписарӣ, хонаву дари бесоҳибашро бо оби дида нақл кард. Кампирак баъд аз анҷоми амалаш ба холаи Сайлонбӣ муроҷиат карда гуфт:

-Духтарам, шумо каме сабр кунед, ман намози пешинамро мехонам, як маслиҳат дорам, агар розӣ шавед, бахти духтаратон кушодагӣ ҳисоб…

                              Хостгорӣ

Баъди чанде кампираки нуронӣ, ассаллому алейкум гӯён, вориди хона гашту чашмони камнурашро нимпӯш карда гуфт:

-Дар деҳаи мо пиру кампире зиндагӣ мекарданд, Гулзор зани мӯйсафед- дугонаи ман буд. Онҳо аз дори дунё як писар доштанд, чун кампир бемор шуду аз дунё гузашт, мӯйсафеди Ҳомид зани аз худаш 35 сол хурд гирифт. Писараш, ки Донишгоҳи омӯзгориро хатм намуда буд, хонаву дар аз падарам, Русия рафта, кор мекунаму хона месозам, баъд зан мегирам гуфт. Дар кишвари Русия ба тӯҳмат гирифтор шуда, панҷ сол маҳбасӣ гашт, дар ин муддат мӯйсафеди Ҳомид вафот кард, зани ҷавонаш ки аз ӯ як духтарча дошт, хонаву дари ӯро савдо карда, дар маркази вилоят барои худашу духтараш хона харид ва он ҷо шавҳари нав кард. Акнун писарашон Нозир аз Русия баргаштааст, ҷавони чорпаҳлӯи кордону чаққон, ҳамроҳаш як миқдор пул низ овардааст. Мехоҳад зан гирифта, ӯро ҳамроҳаш ба Русия барад, аммо касе кори ӯро сару бар намешавад, на амаку на тағою на каси дигар. Бечора бача қасам рӯйи қасам мехӯрад, ки зиндонӣ шуданаш тӯҳмат буд, вале касе ба ӯ бовар карда, духтарашро намедиҳад. Акнун ӯ рӯ ба ману писаронам овардааст, писарам сабаби зиндон шуданашро пурсид, мегӯяд, ки дар хонаи як шахси сарватманд кор мекардааст. Аз сейфи ӯ чанд ҳазор доллар гум мешаваду милисаҳо ҳама айбро ба гардани Нозир зада, ӯро ба зиндон мепартоянд. Аз панҷ соли зиндон чоруним солашро мешинаду баъд ба хӯҷаин маълум мешавад, ки ин пулҳоро на коргари тоҷикаш, балки духтари қиморбозаш дуздида будааст. Ин мард бо узру маънӣ ба назди Нозир медавад, ӯро аз маҳбас озод мекунаду пул дода, ба Ватан мефиристад. Нозир сад қасам мехӯрад, ки ҳамон хӯҷаини рус гуфтааст, ки ман як умр аз ту қарздораму бароят кори хубе меёбам, рафта, хонадор шуда баргард. Агар розӣ бошед, духтаратонро ба ҳамин ҷавон хонадор кунед. Ман худам ба хостгорӣ меояму духтаратонро тӯй карда, ба Нозир медиҳем. Он тарафашро худашон медонанд, хоҳанд, як муддат дар хонаи шумо меистанд, нахоҳанд…. Холаи Сайлонбӣ аз чунин ранг гирифтани кор хурсанд буд, аммо метарсид, ки шавҳарашу Гулбоғ розӣ намешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД