Мӯйсафеди Раҷабалӣ ранҷ мекашид, як сол боз ба қавли мардуми кӯҳистон «ҳучбемор» аст, яъне ба дард тан надода, устухонҳои бемадорашро аз рӯи ҷогаҳи сафеди оҳарияш ҷамъ карда мехесту тавонам-натавонам пайи коре мерафт. Аммо чанд рӯз боз беморӣ ҷисмашро дар панҷаи гирояш чунон мефишорад, ки муйсафед намегиряду бас.
Кампирашу ду келин дар гирдаш парвона, писарҳояш ҳама хоҳишашро иҷро мекунанд, ҳашт духтар бо навбат сари болинаш бемордорӣ мекунанду хӯрокҳои парҳезияш мепазанд, зеро захми меъда сахт азобаш медиҳад.
Вале мӯйсафед парешону ғамгин ва маҳзун аст, пайвандонаш сабаби инро донанд ҳам, худро ба нодонӣ мезананд. Падари Раҷабалӣ чӯпон буду се писараш низ касби бобоиро интихоб карда буданд, бародаронаш Нодиру Садир оиладор бошанд ҳам, шабу рӯз пушти моли давлат гашта, соҳиби обурӯ ва иззату эҳтиром буданд.
Дӯсти бародаршуда
Падарашон Шариф ҳар гоҳи аз водӣ ба кӯҳистон бурдани мол албатта ба хонаи дӯсташ раиси Расо меҳмон мешуд. Расо раиси ҷамоати яке аз деҳаҳои калонтарини кӯҳистон ва марди сарватманди музофот буд. Шарифу Расо ба ҳамдигар аҳди бародарӣ баста буданд, писарони Шариф низ амаки Расояшонро дӯст медоштанду чанд моҳи дар кӯҳистон будан ба хонааш рафта меомаданд. Хонаи сермеҳмони раис барои бародарон мисли хонаи худашон буд, Расо аз ҳама зиёд ба писари хурдии дӯсташ Раҷабалӣ меҳр дошту гоҳе ба шӯхӣ мегуфт:
- Раҷаб, ман туро домод мегирам. Озодаи маро бин, ба хироҷи мамлакат меарзад, ту бо ин қомати баланду бозувони қавӣ зеби ӯ дорӣ, вале бо як шарт.
Расо як писар ва як духтар дошт, писараш Соҳиб магазинчӣ, соҳиби оила ва фарзандон буд, Озодаи нозанинаш бошад, мактаб мехонд. Раҷабалӣ бо як дидан ошиқи ин маҳҷабин гашта бошад ҳам, ба хотири дӯстии байни падарашу раис инро ошкор намекард. Озодаи қоматбаланду сафедандом чунон зебо буд, ки аз диданаш ҳанги одам меканд. Гӯё Худованд тамоми ҳунари доштаашро дар офаридани ҳамин бути симинбару абрӯкамон сарф карда бошад.
Абрӯвони қаламӣ, пӯсти бирешимвор пурҷило, лабони сурхи шаробӣ, рухсораҳои гулобиранг, мӯйҳои дарозу зулфони ҷингилааш дар дили бинанда шӯре меафканд. Ин духтар харидорони зиёде дошт, вале шарти раис пойи онҳоро баста буд. Расо барои духтараш дар паҳлӯи хонааш хонаи боҳашаммате сохта, мехост ҷавони табъи дилашро хонадомод бигирад, зеро духтарашро аз ҳад зиёд дӯст медошт. Дар байни ҷавонони кӯҳистон хонадомодӣ айб шуморида мешуд ва касе ба ин шарти раис розӣ намешуд.
Хонадомод
Шарифи чӯпон низ аз шарти ошнояш хабар дошт ва Озодаро зиёд дӯст дорад ҳам, ҳаргиз дар бораи қудошавӣ бо рафиқаш гап намезад, зеро ҳаргиз ба хонадомодии писари паҳлавонаш розӣ набуд. Раҷабалӣ хизмати аскариро ба анҷом расонида, ба хонаашон баргашт, падару модараш дар бораи хонадоршавияш гап кушода буданд, ки писарашон ошиқи шайдо буданашро ба Озода гуфт. Шарифи чӯпон бо ҳайрат ба писараш нигариста пурсид:
- Ту розӣ ҳастӣ, ки дар байни мардуми бегона хонадомод шавӣ, ҳамаи инро номусат мебардорад?!
-Бале падар, ман розӣ ҳастам, ки ғуломи Расо шавам, вале бо Озода бошам,-ҷиддӣ посух дод Раҷабалӣ. Шарифи чӯпон писарашро беномусу бенанг хонда, ҷангу ҷанҷол кард, вале Раҷабалӣ бо ҳамон оҳанги пешин ҷавоб дод,- падар, агар хоҳед ҳамин, нахоҳед ман аз хона баромада, ба макони хизматам меравам ва бо ягон русдухтар хонадор мешавам!
Ду моҳи дароз падару модар ва бародаронаш дар гӯши Раҷабалӣ панду насиҳат хонданд, вале беҳуда нагуфтаанд, ки чашми ошиқ кӯр аст! Оқибат диданд, ки намешавад, сари хони маслиҳат нишастанд…
давом дорад