Арӯси хомхаёл
Амаки Миралӣ ва холаи Сайлонбӣ домодро бо дастовезҳои зиёде гусел карданду пеши Худованд шукр мегуфтанд, ки ба духтари қайсару безебакашон чунин домоди олиҷаноб баромад. Амаки Миралӣ ба ҳамсараш хитоб карда гуфт:-Занак, духтаратро насиҳат намо, дилашро як дил карда, хизмати шавҳарашро кунад, ман боварӣ дорам, ки ин ҷавон ояндаи хуб дораду мурдаю зиндаи моро соҳибӣ мекунад… Холаи Сайлонбӣ, охи чум мардак- гуфту хомӯш монд… Ин лаҳзаҳо Гулбоғ дар хонаи дигар қасри орзуҳояшро месохт ва рӯ ба рӯи оина истода бо ҳама он ҷавонҳое, ки ӯро назарашон намегирифт ҷанг мекард:- Ҳоло мебинем, Амираки аблаҳ, бо ҳамон мошини опелакат фахр карда мегаштию маро сигани дойразан гӯён масхара мекардӣ? Нозанини зарди пашшаро тор-тори сар карда гирифтӣ? Ман дар чашмат нишон медиҳам, ки ман кию зардаки пашшаи ту кӣ?! Ту Бахтиёри ношуд, аз ҳама зиёдтар туро бад мебинам, ҳамин ту набудӣ, ки мактуби ошиқонаи навиштаи маро пеши ҳамсинфон хонда шармандаам кардӣ?! Акнун бо «зани букрии афти гули чукрӣ»-ят шавҳари паҳлавони маро дида талхаат мекафат! Ҳа –шумо ҳамаатон мебинед, ки ман чӣ хел аз мошини қимматбаҳои хориҷӣ, ҷомадони суп-сурхи рахшон дар даст, сумкачаи чармин дар китф бо туфлиҳои баланди худ туқ-туқ карда за наздатон мегузараму ҳатто ба рӯятон нигоҳ намекунам….
Насиҳати модар
Гулбоғ банди андешаҳои интиқомҷӯёна, даромадани модарашро нафаҳмида монд, ки аз садои духтарам гуфтани ӯ аз ҷояш як парида гуфт:-Очаҷон ту маро тарсондӣ. Холаи Сайлонбӣ духтарашро ба оғӯш кашида насиҳат кард:- Духтарҷон акнун ҳамаи он кинаю кудурате дар дил дорӣ парто. Хайр ҳунарҳои занонаро каму беш медонӣ, фақат ба ту пухтани мантуву угро ва тушбераро ёд диҳам шуд…. Эҳ очаяки соддаи ман, магар ман дар Руссия мантую угро пухта мегардам?! Он ҷо тайёрашро мефурушанд, домодҷони ширинатон харида меоранду ман хӯрда хоб баланд хандида гуфт Гулбоғ, аммо холаи Сайлонбӣ ба ҷону ҳолаш намонда ӯро сари суфра шинонд. Гулбоғ низ даркор мешавад гӯён ба гуфтаи модараш сар фароварду сари суфра нишаст, азбаски каму беш аз сири тайёр намудани ин хӯрокҳои миллӣ бохабар буд, дигар нозукиҳои онро низ аз бар кард. Модараш як рӯз пеш аз овардани ҷиҳозаш имтиҳон оросту апаю язнаҳояшро ҷеғ зад. Гулбоғ бо сари баланд аз имтиҳоини пайвандонаш гузашт, падарашу язнаҳояш ба мантую тушберахои пухтаи ӯ баҳои ниҳоят баланд доданд. Гулбоғ худ ба худ меандешид, ки ӯ аз уҳдаи хонадорӣ мебарояд- тамизу рӯфтану пӯхтанаро медонад, акунун бояд ба худаш аҳмият доданро ёд бигирад…
Сарупобиёрон
Кампири Маряму келинаш ва писараш маслиҳат карда хостанд, сару пойи хоксоронае харанд, вале Нозир боз нагӯянд, сағираи бесохиб аст гӯён барои арӯсаш ҳама чизи пеши бозорро харид намуда бурд. Мардуми ба маъракаи сарупобиёрон омада матоъҳои хелмахелу зару зевари овардаи домодшавандаро дида зери лаб мегуфтанд:-Духтар пир-бахташ мир! Кӣ мегуфт, ки барои Гулбоғ-сиган як ҷавони зебои саховатманд харидор мешавад- боз сағираи бесоҳиб, касе намгӯядаш, ки аз ин ҷо хеста ҷои дигар шин- пиччиррос мезад зани ҳамсоя Арафамоҳи морзабон… Холаи Сайлонбӣ маъракаи зебое ороста маъракаи ҳаққу ҳамсояро гузарониду ду ҳафта пас тӯйро муайян карданд… Нозир пеш аз рафтанаш ба хусуршавандааш гуфт, ки то тӯй порчаи замини хубе ёбад то онро харидорӣ намоянд. Амаки Миралӣ дид, ки азми домодшавандааш қавист чизе нагуфту дар ҷустуҷӯи замин шуд ва маълум шуд, ки Назир-тракторчӣ даҳ сотих замини боғазро фурухтанист, зеро дар пойтахт барои писараш хона мехаридасту пулаш намерасидааст. Боғи Назир тракторчӣ ба хонаи амаки Миралӣ наздик буду мард бо хурсандӣ онро нарх кард, Нозир баъди се рӯз омада лулашро доду заминро ба номаш ҳуҷҷуат карда боз ба хонаи кампири Марям баргашт то тараддуди тӯяшро бинад….
Гули гулҳо…
Гулбоғ акнун дар тараддуи тӯй буду ҳама куртаҳояи арӯсияшро ба маркази ноҳия ба назди дӯзандаи номдоре бурд, ҳарчанд дар деҳаашон дузандаҳои зиёде буданд, аммо ӯ мехост дигаргуна арӯс шавад. Мехост аввал ба Нозир, ки дар вохӯрии аввалин аз намуди зоҳирии ӯ норозигӣ карда буд ва баъд ба ҳамдеҳаҳояш фаҳмонад, ки Гулбоғ кист?! Дӯзанда аз нақли арӯс фаҳмид, ки ӯ бисёр мехоҳад ба шавҳари соврименияш маъқул шавад. Аз ин рӯ ба вай маслиҳат дод, ки ба «Кошонаи ҳусн» -и нав кушодаи ноҳия равад, онро як хонуми рус кушодааст. Оля косметолог аст, бо амри тақдир як ҷавони ҳамшаҳрии моро дӯст дошта ба ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистон омадаасту барои хизматрасонидан ба занони ноҳия «Кошонаи ҳусн» кушодааст, ҳама занони сарватманд ва занони машҳури ноҳия аз хизмати ин коргоҳ истифода мебаранд. Гулбоғ дар дил азм кард, ки албатта ба «кошонаи ҳусн» хоҳад рафт…