Тӯҳфаи носупурда…
Гулбоғ сари чанбараки мошин ба истиқболи ишқаш мешитофт, барои ӯ зиндагии шоҳона, хонаву дари ашрофона, шавҳари зебою паҳлавон ва ду писараки нозанинаш арзише надоштанд. Ӯ мехост ҳар чӣ зудтар тайра ба наздаш Сарватхоҷаро биёрад, ӯ бӯсаҳои ширин, оғӯши ҷонфазо, атри хушбӯйи тан ва тӯҳфаҳои шоҳонаи ёрашро ба ҷон пазмон шуда буд. Ҳарчанд, ки ӯ тамоми моли дунёро дошт, ороишоташ ҳисоб надошт, шавҳараш ягон чизро не намегуфт, аммо хуни ӯ гушна буд… Мошини Гулбоғ назди мағозаи бузурге, ки дар қабати дуюмаш соатҳои фирмавии қимматбаҳо мефурӯхтанд қарор гирифт. Азбаски дар мағоза харидорон зиёд буданд, Гулбоғ хост каме нафасазро рост карда баъд ба назди бонуи консултант равад. Ӯ ба курсӣ нишаста ғайриихтиёр чашмонашро ба экрани телевизори калони дар рӯ ба рӯяш монда духт. Ахбори криминалӣ.... Ин субҳ дар фурӯдгоҳи Домодедово чор нафар шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бар бағоҷашон панҷ килло маводи мухаддир доштанд дастгир намуданд, яке аз онҳо, ки сарвари гурӯҳи нашъаҷалоб дар Осиёи Миёна номбар мешавд, ба кормандони пулис бо корд ҳамла карда, як нафар занро гаравгон гирифт. Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ Сарватхоҷа Кивирхонов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид…. Гулбоғ чун ба ҳуш омад болои сараш чанд нафар духтур ҷунбуҷул доштанд, ӯ каме ба худ омада ба нею нестони духтурон нигоҳ накарда сари чамбараки мошин нишаст ва сӯйи хонааш роҳ пеш гирифт, ӯ дар раҳораҳ симкартаҳои телефонашро гирифта ба зери чархи мошинҳо партофт, баъд худи телефонашро ба қисмҳо ҷудо карда зери аз тирезаи мошин ба дарё партофту оҳи сабук кашида намедонад, чи гуна то назди дарвозааш расид…
Сояи ваҳм
Маша ранги канда ва андоми ларзони Гулбоғро дида бо ҳайрат аз дасташ гирифта ӯро ба хона даровард. Гулбоғ бо ишорати даст ба Маша фаҳмонд, ки танҳо будан мехоҳад. Маша аз дар берун шуд… Гулбоғ аз телефони Маша ба Нозирҷон телефон карда гуфт:-Мардакҷон ҳамёнамро бо телефонам дуздиданд, ман метарсам… Нозирҷон аз он тараф Гулбоғро тасалло дод, натарс азизам бало ба паси ҳамон телефон, фақат ба компанияи мобилӣ занг мезанам, ки симортҳоятро «блокироват» кунанд… Гулбоғ мегирист, худашро нафрин мехонд, ки фаҳмидаю нафаҳмида бо ҷиноятокре доду гирифт кардаасту Худо нишон надиҳад, агар телефону зангҳои телефонии ӯро санҷанду то ба ӯ бароянд… Нозирҷон ба Маша занг зад гуфт, ки Губоғ дар ҳолати ноҷур қарор дораду аз вай бохабар шаванд. Ин хонуми таҷрибаи зиндагӣ дошта Дилшодҷонро поён фароварда ба дасти шавҳараш доду ба хоначаи худаш даромада аз алафҳои гуногуни табобатияш, ки ҳар сол аз кампираке аз деҳот рафта меовард, чойи таскинбахше омода карда ба назди Гулбоғ даромад. Гулбоғ бо ҳарос ба Маша нигариста гирист, бо алам гиристу гуфт:-Машаҷон имрӯз ҷинояткорон телефону пулҳоямро дуздиданд, метарсам, ки аз паям наоянд. Гулбоғро ваҳм зер карда буд, ӯ дурӯғ мегуфту мегирист то каме ором шавад. Маша Гулбоғро маҷбур кард, ки чойи омоданамудаашро нӯшад ва худаш бо ангуштони нарму сафедаш гардан ва сару чаккаҳои Гулбоғи ваҳмрасидаро зер кард. Хонум ором шуду хобаш бурд…. Маша поён фаромада аз воқеаи рӯйдода ба шавҳараш гап заду аз ҳота ҳар гуна алафҳои фоидабахшро ҷамъ намуда гуфт, ки барои Гулбоғ шурбои фоидаовари алафин мепазам…
Тавбаи пинҳонии Гулбоғ
Гулбоғ бедор шуд, ки шом фаро расида буд, Машаи меҳрубон кудаконро сер карда ба хонаи хобашон дароварду шӯрбои алафини хушмаззаи таёр намудаашро бо ду пора нону самбусаи алафин ва каме ширинию чой ба назди Гулбоғ даровард. Гулбоғ бо иштиҳо шӯрборо бо як самбӯса нуши ҷон карду баъдтар чой мехӯрам гӯён аз Маша пурсид:-Нозирҷон наомадааст? Сухани Гулбоғ дар даҳонаш садои кушода шудани дарвоза садо дод, аз ин садо ранги Гулбоғ канд ва ин ҳама аз назари Маша пинҳон намонд. Нозирҷон баъди сӯҳбати кӯтоҳ бо шавҳари Маша ба хона даромада аз Гулбоғ авҳол пурсид. Авҳоли Гулбоғ якбора бад шуду ӯ бо гиря гуфт:-Дар беморхона, дар рӯзи равшан телефонамро дӯздиданд, пулҳояро низ, ман нафаҳмидам…. Нозирҷон авҳоли занашро дида ӯро ба оғӯш гирифта ором кард:- Занакҷон, садқаи сарат мана ба ту пул, чизе мехоҳӣ хар, ӯ болои сандаличаи назди катихоб монда як қабза доллар монд. Ана ин телефон бо симкортҳои компанияҳои дӯстдоштаат… Нозирҷон телефони сурхи қимматбаҳоеро паҳлӯи пулҳо монда гуфт:-Ту осуда бихоб ман ғизои шомро хӯрда наздат меоям… Ман нав аз хоб хестам, оббозӣ мекунам ту ғизо хӯрда биё, илтиҷоомез гуфт хонум… Гулбоғ то ҳамом кардану ғизои шом хӯрдани шавҳар, дар ҳамоми шафати хонаи хоб дуру дароз бо маводҳои хушбӯй сару танашро шӯста дар бистар интизори Нозир нишаст ва дар дил тавба кард, ки ҳаргиз ба шавҳараш хиёнат нахоҳад кард…
Шаби асал
Нозирҷон сари мизи хӯрокхӯрӣ бо Маша каме сӯҳбат карду хост,ки Дилшодҷонро ба хонаи хоби худашон дарорад, вале ин зани меҳрубон гуфт:- Писарам авҳоли бону он қадар хуб нест. Бори аввал ба ин гуна воқеа вохӯрда сахт тарсидааст, аз ин рӯ Дилшодҷон имшаб бо мо мемонад. У бачаи орому серхобак аст. Шаб як бор бедор шуда ғизо мехӯраду зери пояшро хушк мекунам, тамом, ин барои ман душвор нест… Нозирҷон ба Маша ташаккур гуфту ба дасташ ду саддоларӣ дода гуфт:- Барои худатон ягон чиз харед… Маша аз ин илтифоти хуҷаинаш каме дасту по хурда гуфт:-шумо маро дар хиҷолат мемонед… Нозирҷон ба хонаи хоб даромаду Гулбоғ чун гурги гушна ба вай часпид, бону дарду алами ошиқи ҳоло дар кадом мурдахонаи Маскав бесоҳиб хобидаашро аз шавҳараш гирифта ӯро чунон меҳрубонӣ мекард, ки Нозирҷон садбора мафтуни ӯ мегашт. Ӯ аз ишқварзӣ хаста намешуд, такрор ба такрор ҳамсарашро водор мекард, ки бо ӯ омезад, аз бӯса шодобаш намояд, навозишаш кунад…. Танҳо қрибиҳои субҳ хоби ҳарду бурд, Нозирҷон қарибиҳои нисфирӯзӣ ба кор рафт. Ӯ баъди бедор шуданаш дар финҷоне қаҳваи хушбӯй ва ду кулчақанд гирифта ба назди занаш даромада ӯро бӯсиду гуфт:- Ман розӣ ҳастам, ки даҳ бори дигар телефону ҳамёнатро бидузданд, бамазачаи ман… Гулбоғ ноз карда аз кунҷи лабони ҳамсараш бӯсида пичиррос зад:- Нияти бад накун… Нозир ба кор рафту Гулбоғ боз ба фикр фурӯ рафт…
Шабаҳи гуноҳ
Гулбоғ боз телевизорро монда ахборро мунтазир шуд, ин даъфа дар бораи ошиқаш кутоҳакак хабар дода гуфтанд, ки ҷасади наркабарони тоҷик баъди ташхиси судӣ ба ватанаш фиристода мешавад. Гулбоғ чеҳари Сарватхоҷаро пеши назар оварда гӯё бо ӯ гап мезад:- Худоё наход, ҳама сарвату давлати ту аз пули ҳароми героин буданд? Як ҷавонмарди зебо худатро ҳайф кардӣ, акнун дар ким-кадом мурдахона сарду беёд хобӣ… Гулбоғ бисёр мехост машғулияти наве ёфта ваҳму тарсашро фаромӯш кунад, аммо намедонсит чӣ гуна?.
Шодию ғам
Охирҳои моҳи август буду алаккай саҳариҳо хунук буд, Маша саргарми тайёр намудани мураббо ва ҷамъ намудани лафҳои хушбӯй буд, Гулбоғ низ ба фикр зикри худ овора. Нозирҷон, ки тамоми сол бе истироҳат кор мекард, ба занаш ваъда дод, ки насиб бошад дар зимистон ба Ҳиндустон барои истироҳат мераванд. Дар ин мулки ҳамешабаҳор ҳам сайру саёҳат мекунанду ҳам истироҳат. Дар ҳамин рӯзу шабҳо аз Тоҷикистон хабар расид, ки кампири Марям дар синни 95-солагӣ дунёро падруд гуфтаасту апаи калонии Гулбоғ Раъно келин мегирад. Нозирҷон ба Гулбоғ гуфт, ки барои як ҳафта ба Тоҷикистон меравем. Гулбоғ бо хурсандӣ ризоият доду ба ҷамъ кардани либосу тӯҳфаҳо сар кард. Баъди ду рӯз онҳо хонаву дарашонро ба Машаву шавҳараш ва нозирҷон савдояшро ба ҷонишинаш супорида озими ватан гаштанд. Гулбоғ аз тайёра фаромада нафаси сабук кашид, чун ба маркази вилоят расиданд, боз фикру зикраш банди Сарватхоҷа гашт…