Бӯстонсаро не, қаср…
Зану шавҳар маслиҳат карда бо мошини Нозирҷон ба дидани бинои меросияшон рафтанд. Нозир чандин сол бо Иван Иванович кор карда бошад ҳам, соҳиби ин гуна бӯстонсаро буданашро намедонист. Ҷавонмард гумон дошт, ки шояд бӯстонсаро як хонаи одии заминӣ бошад, вале чун ба назди дарвозаи он расиданд, даҳонашон во монд…. Нозирҷон гумон кард, ки онҳо хато кардаанд, вале чун пултро ба кор бурду дарвозаи баланди оҳанин чун дар афсонаҳо кушода шуд, боварияш комил гашт, ки ин бӯстонсаро моли ӯст…. Саҳни бӯстонсаро дарахтони зиёде дошт, ки нав ба гул кардан оғоз карда буданд, вале бенигоҳубин… Маълум буд, ки то аз дунё рафтани соҳибхона касе ин ҷоро нигоҳубин мекардааст, зеро дар хоначаи пастаки назди дарвоза либосу белу каланд меистод. Бӯстонсаро аз ду ошёна ва даҳ дар хона, иборат буд. Дар ҳар ошёна ташнобу ҳоҷатхона сохта шуда ошхонаи зебои муҷаҳҳазаш бошад дар поён ҷойгир буд, дар саҳни ҳавлӣ бошад чанд ҷо шипангҳои зебои мунаққаш барои дамгирию сӯҳбат сохта шуда буданд. Ҳамагӣ чанд қадам поёнтар аз боғ дарёчаи ороме мегузашт, аз тарафи боғча ба лаби дарёча зинаҳои мармарӣ сохта шуда он ҷо манқали кабобпазӣ ва шипанги зебое низ буд… Дили Нозирҷон барои Иван Иванович сӯхт, ӯ лаби дарёча даме ба хаёл фурӯ рафт….
Шарораи хотираҳо…
Ҷавонмард дафтари хотираҳояшро варқ зада, симои азизи ин марди бузургро пеши назар овард… Бори аввал бо Иван Иванович дар маркази савдое вохӯрда буд, Нозирҷон борҳои харидаи мардро то мошинаш бурда хеле хуб ҷо ба ҷо карду маблағи додаашро ин зиёд аст гӯён бақия дод…. Ҳамин тавр баъди ду моҳи шиносоӣ Иван ӯро дар хонааш ба кор гирифт, баъд ҳодисаи тӯҳмати Светланаю ба зиндон афтиданаш… Ёд дорад чун бегуноҳии ӯ исбот шуд, ин марди сарватманд пеши ӯ ба зону зада узр хост. Барояш хона ҳадя карду кори хубаш дод, барои бардоштани доғи судияш пули зиёде сарф кард, ӯро шаҳрванди Руссия сохт, ана бо ин саховати бешумораш….
Нозир банди андешаҳо буд, Гулбоғ бошад коляскаи писарашро дар сояи дарахте гузошта ӯро хобонду дохили хонаҳо шуд. ҳама ҷоро чанг зер карда буд. Гулбоғ хонаҳои чангзеркардаро як аз назар гузаронида зуд ба фирмаи «Дурахшон» занг зад. Намояндаҳои ин фирма аз заноне иборат буд, ки дар тозаю озода намудани офису корхона ва хонаҳои мардум саҳм мегузоштанду дар Маскав хеле машҳур буданд. Гулбоғ бисёр вақт аз хизмати эшон истифода мебурду бо сарвари онҳо Ноилаи тотор дӯстии телефонӣ ҳам дошт. Ноила бо шунидани дархости Гулбоғ гуфт:-Хонум азбаски роҳ каме дарозтар аст, нарх ҳам қимматтар мешавад, шумо розиед? Бале, бепарво розигӣ дод хонум ва аз пайи шавҳараш лаби дарёча рафт. Гулбоғ Нозирро банди андешаҳо дида, дар дил ӯро мазаммат кард:-Э мур, дар ғами як урус… Мегӯйи, ки падараш мурда бошад. Ба ту сағирати почаканда аз азал Худо дода будааст, ин уруси сурхи бенамуд, чизу чораашро ба ҷойи ба духтараш додан ба ту дод… Зани нозанин ҳам дар қисмати ту боз чӣ ғам мехӯрӣ? Ин зани дар ҳилла гум аз ёдаш бурда буд, ки ӯро, «сиган»-и қишлоқашонро ҳамин сағираи почаканда одам карду зани занон… Одаму одамгарӣ, ку аз паҳлӯи ин маккора намегузашт, барои ӯ фақат чиз бошаду оғӯши мард…
Зани лоша…
Як макри зани лоша,
Даҳ хачира бор боша.
Сад макр кунад шайтон,
Шогирди занон боша….
Гӯё ин гуфтаи халқ барои Гулбоғ бошад, ӯ дарав ниқобашро дигар карда, паҳлӯи шавҳараш нишасту насиҳатомез гуфт:-Азизам, дилатро хун накун, бемор мешавӣ, ману Бунёдҷон ғайри ту кӣ дорем, боз…. Ӯ дасти Нозирҷонро гирифта болои шиками дамидааш монд… Нозирҷон андешахояшро як сӯ гузошта Гулбоғро ба оғӯш гирфту ҳарисона аз лабу даҳонаш бӯсид, Гулбоғи дар ин кор усто бо бӯсаҳои обдор ҷавоб гуфт… Нозирҷон гуфт, мана бустонсароро ҳам дидӣ, акнун ба хона меравему ягон вақти бекорӣ омада онро тоза мекунем, шояд тобистон ин ҷо зиндагӣ кунем…. Не, мардакҷон, кори имрӯзаро ба фардо нагузор гуфтаанд, ту ҳозир, Бунёдҷонро гирифта ба хона бармегардӣ, ман кормандони «Дурахшон»-ро даъват кардаам, пас аз ним соат расида меоянд, мо имрӯз хонаҳоро тоза мекунем. Шаб агар дер шавад, ман ҳамин ҷо мемонам, шумо низ меоед, ним соата роҳ, дур не ку…. Рӯзи дигар чанд мардикор оварда рӯйи ҳавлиро тоза мекунем, баъд он тарафашро маслиҳат хоҳем кард… Ман ҳавои кушод мехоҳам… Нозирҷон розӣ шуду баъди расида омадани гурӯҳи занҳо Бунёдҷонро гирифта ба хона баргашт, писараш кӯдаки ороме буд, нав яксола шуда ба зур роҳ гардад ҳам бо шухию бесарияш волидонашро ғам намедод….
Бозёфт
Шаш нафар зан бо як рӯҳияи тоза ба кор часпиданд, онҳо миллатҳои гуногун буданд, байнашон танҳо як зани панҷоҳ-панҷаву панҷсолаи рус буд, ки бо меҳр ба гулбоғ нигариста гуфт:- Бону, ман ду километр дуртар аз ҳамин мавзеъ зиндагӣ мекунам. Ҳамроҳи шавҳарам дар ҳамин фирма кор мекунем, ӯ моро ҳамроҳӣ мекунаду бо маводи шустушӯи таъмин. Шумо боғ доштаед…. Шавҳари ман боғбони хубест, ӯ аграном буд, вале аз деҳа ба шаҳр кӯчидему бекор монд. Агар ба шумо хизматгор ва боғбон лозим бошад, мо тайёрем, агар ҳамон маоши дар фирма мегирифтаамонро ба мо диҳед, мо фарзанд надорем, роҳамон камтар дур аст…Гулбоғ каме фикр карду рақами телефони Машаро гирифта ваъда дод, ки агар лозим шаванд занг мезанад… Яке аз хонаҳо китоби зиёд дошту маълум буд, ки ҷойи кори марди хонадон будааст, хонаҳои дигар ашёҳои қимматбаҳои рӯзгор ва қолинҳои базебе доштанд. Дар деворҳо мусавварҳои зебо овехта шуда буданд. Гулбоғ тоза кардани хонаи хобро ба уҳдаи Маша гузошту худаш ҳамроҳи ӯ вориди ин хона гашт. Рахти хоби васеъу зебои итолёвӣ, оинаи барқад ҷевону курсиҳои ҳамранги он, шабчароғҳои булурин, он қадар зебо буд ин хонаи хоб….
Кирми ҳирс
Маша аввал пардаҳои турии зеборо канда ҷилди курпа болиштро ва ҳамаи онро ҳамроҳи он чиҳозе, ки ронанда бояд бурда шӯста то бегоҳ меовард ба хушкашӯйӣ равон намуд. Қолинро ба саҳни ҳавли баровард, он ҷо як коргарашон онро бояд бо таври махсуси муосир тоза мекард. Дигар ин зани умраш ба тоза кардани манзили мардум сипарӣ шуда тамоми ашёи хонаро якто-якто то дурахшидан тоза мекард… Аз ғаладони зери оина шаш чандуқчаи якхелаи хурд, ки дар болояшон расми салиб кандакорӣ шуда убд баромад. Маша онро назди Гулбоғ гузошту худаш корашро давом додан гирифт… Гулбоғ сандуқчаҳоро кушода чунон ба ваҷд омад, ки даҳонашро бо кафи дасташ пушид то овозаш набарояд… Даруни сандуқчаҳо пур аз ҷавоҳирот буд, гарданбанд, дастпона, гӯшвору ангуштаринҳое, ки ин гунаашро ин зани гурусначашм дар умраш надида буд. Дар даруни яке аз сандуқчаҳо коғази зардшудае ёфт, ки бо хатҳои зебою хоно чунин навишта шуда буд:-Ваняҷон, ман медонам, ки ба умрам рӯзҳои башумор мондааст, ҳама кушишҳои ту бенатиҷааанд, зеро касе аз панҷаи қавии саратон то ҳол раҳоӣ наёфтааст ва нахоҳад ёфт… Светаро эҳтиёт намо, охир духтараки ман нав дар синфи нуҳ мехонад, ӯ эрка аст, вале дили хуб дорад. Ман мехоҳам Светаҷони ман духтур шавад, ин дороии ман… Ҳамаи инҳоро ту бароям тӯҳфа кардаӣ, танҳо гушвораҳои нуқрагин моли модарам ҳастанд, илтимос онҳоро рӯзи тӯяш ба Светаҷон аз номи ман бахш ва аз ҷойи ман аз пешонияш бибӯс… Бо эҳтиром Роза….Ба ҷойи Гулбоғ зани порсое мебуд, Светаро меёфт ва мероси модарашро ба ӯ мерасонд. Зеро ин амонатии зане буд, ки ин дунёро пурармон тарк гуфтааст. Боз шавҳари ӯ дар ҳаққи ӯ ва шавҳараш чӣ некиҳое кардааст, аммо Гулбоғ ин тавр накард. Ӯ сандуқчаҳоро, ки камаш як киллограам тилло доштанд ба сумкааш андохту онро даруни ҷевоне қуфл зад, мактубро бошад даронда ҳароҳи коғазҳои нодаркор оташ зад…
Ташрифи Люда ва иқдоми Нозирҷон
Нозирҷон шаб ба бӯстонсаро баргашта онро нашинохт, ҳама ҷо тозаю озода ӯро Гулбоғ бо чеҳраи болида пешвоз гирифта аз рафти тамоми корҳояш дар хона ҳисобот дод, албата бомуҳобботе, ки худам низ баробари эшон кор кардаму хастаю лакотам… Азбаски тамоми рӯйҷоҳои ҷои хобу пардаҳоро барои шӯстан бурда буданд, Нозир Гулбоғро гирифта ба шаҳр баргашт… Он шаб зан шавҳарашро ризо кард, ки Машаву шавҳараш Антонро хизматгор гиранд. Нозирҷон бисёр мехост, ки ягон ҳамватанашро ба кор гирад, ки фарзандонаш бо онҳо муомила карда забонашонро фаромӯш накунад, аммо Гулбоғ инро намехост. Дар дилаш тоҷиконро кунҷкову сирбарор меномид…. Зиндагии ҷуфти ҷавон дар бӯстонсаро ранги дигар гирифт, Антон дар воқеъ марди бадасту панҷае будаасту дар чор-панҷ рӯз ҳама корро тахт намуд. Онҳо зану шавҳар то бегоҳ дар ин хонадон ҷумбуҷул мекарданд, хӯрду хӯрокашон ҳам аз ҳисоби хуҷаинҳо буд. Танҳо нимаҳои шаб дукаса ба хонаашон мерафтанд… Зиндагӣ дар маҷрои худаш давом дошт, вале як рӯз Людмила зани дӯстдоштаи Иван Иванович назди Нозир омаду баъди адои салом гуфт:- Писарҷон, дили ман дар ҷояш не… Аз рӯзе, ки ҳамин мероси зормондаро қабул кардаам шабҳо хобам намебарад. Ман фарзанд надорам, як ҷиянам ҳамроҳам зиндагӣ мекунад, ӯ ба савдо умуман майл надорад духтур асту пули хуб меёбад. Ман бо як сари қоқам ин қадар пулро ба сарам мезанам, дар фирмае ба ҳайси муҳосиб кор мекунаму маоши хуб мегирам. Азбаски ту ба Иван мисли писараш будӣ ва ҳамеша туро наздам таъриф мекарад, барои маслиҳат назди ту омадам… Биё якҷоя ба сари гӯри Иван лаҳваи зебоӣ ёдгорӣ мемонем ва ман як магазину ними пули меросамро ба Света мебахшам, кори ӯ чӣ гунае мехоҳад сарф кунад…. Нозирҷон розӣ шуд….
Узри Светлана
Нозирҷон мехост дар бораи гузоштани лавҳи мармар бо Светлана маслиҳат кунад ва ҳамроҳи Люда ба ҷустуҷӯи ӯ баромад. Дар хонаро ба рӯйи онҳо худи Света кушод, аз он кару фар ва ороишоти олияш хабаре набуд. Пеши онҳо духтараки зардинаи наҳифаку бепаноҳе меистод… ӯ саломи меҳмононашро ба зур алейк гирифта онҳоро ба хона даъват кард. Нозирҷону Люда аз тағироти ҳоли Света ҳайрон ба ҳамдигар нигоҳ карданд. Духтарак онҳоро сари миз шинонду саволомез ба меҳмонҳои нохондааш нигарист. Светаҷон, ба сухан оғозид Люда ва афзуд:-Ману Нозирон тули танҳоии падарат ҳамеша ҳамнафаси ӯ будем. Ман падари туро аз аёми мактабхонӣ нагз медидам, аммо ӯ ба Макав омада ба ҳамсабақаш модари ту ошиқ шуду ӯро ба занӣ гирифт. Пас аз марги модарарат ману падарат тасодуфан вохӯрдем ва ман розӣ шудам, ки як умр бе никоҳи расмӣ дар паҳлӯи ӯ бошам. Падари ту инсони бузург буд ва ҳатто ба рӯҳи модарат хиёнат кардан намехост. Тақдири Нозирро ту медонӣ… Светлана гапи Людаро бурида бо овози паст пиччироз зад:-Маро мебахшӣ Нозирҷон ман дар ҳақиқат дар ҳаққи ту ҷабр кардам, духтарак бо дидагони гирён худро ба оғӯши Нозир партофт. Нозирҷон аз пешонии Светлана бӯсида гуфт:-Светаҷон, ҳар як инсон ба хато кардан ҳуқуқ дорад. Ту ҷавону хом будӣ ва меҳри падаратро ба ман рашк карда ба ҳамин хатогӣ роҳ додӣ, вале ман кайҳо туро бахшидаам… Чун Света мақсади ба ин ҷо омадани дӯстони падарашро шунид, бо ҳайрат гуфт:-Ман бовар намекунам, ки дар дунё одамгарӣ монда бошад… Николай, ҷавоне, ки ҳамеша бо ман буду ҷое кор накарда аз ҳисоби пулҳои падари ман кайфу сафо карда мегашт, баъде фаҳмид, ки аз мероси падар маҳрумам маро партофт… Мошини қимматбаҳои маро, ки бо номи ӯ карда будам аз ман кашида гирифта ба куҷое ғайб зад… Дугонаҳоям ҳамагӣ аз ман рӯй гардонданд, ҳоло ман дар мағозаи либосҳои занонае ба ҳайси машваратчӣ кор мекунам, зеро маълумоти олии иқтисодиро бо пул харидам ва чизеро намедонам… Хайр аз зиндагиям шикоят надорам, маошам барои хурдану пӯшиданам мерасад, бо касе дӯстӣ надорам фақат рӯзҳои шанбею якшанбе ба ибодатгоҳ рафта барои оромии рӯҳи падару модарам шамъ мегузорам ибодат мекунам. Ёд дорам дуоҳоро модарам дар аёми кӯдакиям ба ман омӯхта буд… Света инро гуфту оби чашмаш дарё шуд….