toyota motors
Қулфу калиди хушдоман ба ҷонам зад
07.06.2026
Oila.tj
170

“Нони шӯ арра дорад, арраи шашпара дорад” гуфтани халқ беҳуда набудааст. Ман баъди шавҳар кардан ҳақиқат доштани ин гуфтаҳоро дарк кардам.

Ростӣ, бойдухтари нозпарвард нестам, вале дар оилаи камбағал ба дунё омада бошам ҳам, дар хонадони мо ҳаргиз чизеро пинҳон намекарданд. Ризқу рӯзии додаи худовандро шукрона карда мехӯрдему мепӯшидем, вале пас аз шавҳар кардан фаҳмидам, ки баъзе одамон келинро чун каниз қабул мекардаанд ва ҳатто нонхӯрии арӯсро дида, чашмашон сих мезадааст.

Хушдоманам қанду қандалот, меваву ҳалво ва дигар маҳсулоти хӯрданиро дар сандуқи калон пинҳон карда, дарашро қулф мекунад. Ягон меҳмон биёяд, мебарорад, ҳамин ки меҳмон рафт, боз ба ҷояш гузошта, дари сандуқро маҳкам мекунад. Пештар аҳамият намедодам, вале баъди дар қадам кӯдак пайдо шудан дилам зуд-зуд чизҳои бомазза мехоҳад, аммо аз тарси хушдоман ҷуръат намекунам, ки аз сандуқ як дона қанд гирам. Шавҳарам боре намепурсад, ки ман гуруснаам ё ташна.

Бечора модарам ҳар гоҳ ба хонаам меҳмонӣ биёяд, «духтарам ҳомила аст» гӯён, хӯрданиҳои бомазза меорад, вале хушдоманам чизҳои овардаи очаамро ҳам дар сандуқаш маҳкам карда, калидро пинҳон мекунад. Андеша намекунад, ки келинам сарторик аст, шояд дилаш ягон туршӣ ё ширинӣ мехоҳад. Рӯзи дароз гурусна мегардам.

Духтурҳо мегӯянд, ки камхунӣ дорам ва ба хотири солимии худу тифли батнам бояд хӯрокҳои серғизо истеъмол кунам.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

АНИСА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД