Arzon march 2024
Қулчаканди «Шафтолу»
913

                            Маҳсулоти лозима:
2 дона – тухм
260 грам – шакар
5 грам – ванелин
10 грам – маводи ковокунанда
150 грам – сметана
150 грам – маска
720 грам – орд
                             Барои ороиш:
400 грам – варёнка
40 грам – чормағз
                           Тарзи таҳия:
Дар зарф тухм, шакар ва ванелинро бо миксер 10 дақиқа лат мезанем. Баъдан ба он сметана, маска, маводи ковокунанда ва ордро илова хуб омехта мекунем то сахт шуданаш. Дар яхдон мемонем муддати 1 соат дам мегирад. Баъди 1 соат дам гирифтанаш ба зуволаҳо 4 тақсим мекунем. Ҳар зувола 40 грам бошад. Тақрибан 34 зувола мебарояд, 17 пирожни мешавад. Дар қолаб равған мемолем, қоғази пергамент мемонем ва зуволаҳоро мечинем, мемонем 10 дақиқа дам гирад. Дар тафдон дар 150 дараҷа то сурх шуданаш меистад. Баъди пухтанаш каме хунук мешавад ва аз мобайнашон каме мегирем. Барои ороиш аз пирожниҳо буридаамонро майда карда, бо варёнка ва чормағз хуб омехта мекунем. Дар байни зуволаҳо маҳлулро (крем) мемонем. Барои ранга шуданашон аз юпий сурх ва зард истифода мекунем. Дар ду коса юпийҳоро об мекунем, нимашро бо ранги зард нимашро ба ранги сурх тар мекунем ва бо шакар оро медиҳем. Бо барги пудина ё райҳон оро медиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД