Дар шаҳри Душанбе понздаҳумин мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ба анҷом расид. «Ҳулбук» бо роҳбарии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ғолиби ҷоиза гардид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар бозии ниҳоӣ «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ рақобат карданд. Тими «Барқчӣ» дар аввали вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 пешсаф буд, аммо натавонист бартариро то охир нигоҳ дорад. «Ҳулбук» фишорро ба дарвозаи рақибон афзоиш дода, тавонист натиҷаро мусовӣ кунад - Далер Шомуродов ду бор пеналтиро ба гол табдил дод.
Пас аз анҷоми вақти асосӣ силсилаи пеналтӣ таъйин шуд, ки дар он «Ҳулбук» бо ҳисоби 4:2 ғолиб гардид. Ҳамин тариқ, даста бори аввал дар таърихи худ ҷоизаи Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард.
Дарвозабони «Ҳулбук» Иброҳим Исмоилов беҳтарин бозигари дидори ниҳоӣ номида шуд, ки яке аз зарбаҳои пеналтиро баргардонд.
Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор дар Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 дар бозӣ барои ҷойи сеюм «Панҷшер»-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, муовини якуми раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Илҳомҷон Аҳмадов ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ширкат варзиданд.
Ҳама ғолибони Ҷоми ФФТ аз соли 2012 то 2026:
2012 - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хайр» (Ваҳдат) - 1:0
2013 - «Хайр» (Ваҳдат) - КМВА «Помир» (Душанбе) - 1:1. пеналтӣ - 6:5
2014 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хайр» (Ваҳдат) - 2:0
2015 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хайр» (Ваҳдат) - 5:1
2016 - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 1:0
2017 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:1
2018 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 3:1
2019 - «Куктош» (Рӯдакӣ) - «Истиқлол» (Душанбе) - 2:5
2020 - «Равшан» (Кӯлоб) - «Кӯктош» (Рӯдакӣ) - 1:2
2021 - «Хатлон» (Бохтар) - «Истиқлол» (Душанбе) - 0:1
2022 - «Ҳосилот» (Фархор) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 0:4
2023 - КМВА (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:1
2024 - «Равшан» (Кӯлоб) - «Ҳосилот» (Фархор) - 1:0
2025 - «Истиқлол» (Душанбе) - КМВА (Душанбе) - 2:0
2026 - «Барқчӣ» (Ҳисор) - «Ҳулбук» (Восеъ) - 2:2 (2:4)