(ИДОМААШ)
-Салом ошиқ!
Сар бардошта якбора “воҳ ” гуфта мондам. Дар болои сарам ҳамон маликаи орзуҳою ишқи аввалинам истода буд ва мисли гули садбарги навшукуфта ширин табассум мекард. Мани ҳайратзада аз ҳаяҷон чӣ гуфтанамро намедонистам.
-Ҳа, ошиқи шайдо, магар маро нашинохтӣ?
Саволаш маро ба худ оварду сар ҷунбонда гуфтам:
-Магар ҷони ширинро нашинохта мешавад?!
Хуллас, мо дар ҳамон толор бо ҳамдигар аз наздик ошно шудем. Духтараки паричеҳра Рухшона ном дошта, донишҷӯ будааст. Хоҳиш намудам, ки аз китобхона баромада ба ягон ҷои дигар равем. Пазируфт. Дар боғи «Рӯдакӣ» он рӯз то шом ҳамроҳ сайругашт намудем. Ҳангоми видоъ ӯро ба оғӯш кашида аз лабонаш бӯсидам. Ҷисми хурду латифаш аз шарм дар оғӯшам меларзид. Лабҳои нозуки гулгунаш ба ман лаззати биҳиштӣ бахшиданд ва гумон кардам, ки худованд дарвозаи раҳматашро ба рӯям кушодааст, аммо...
Парии гумном
Рӯзи дигар ба шумораи телефонаш занг задам, аммо хомӯш буд. Ҳайрон шудам, ки чаро ҷавоб намедиҳад, зеро ӯ ваъда дода буд, ки пагоҳ ҳатман во мехӯрем. Рӯз то бегоҳ Маҷнунвор сад бор занг зада бошам ҳам, садои дилнавози Лайлиамро нашунидам. Бо ҳамин минвол як ҳафта, баъдан як моҳ гузашту телефони Рухшона ба зангҳои паёпайи ман ягон бор ҷавоб надод. Метарсидам, ки ба ӯ воқеаи нохуше рух надода бошад, вале...
Бозгашт ва видоъи Лайлӣ
Тақрибан се моҳ пас рӯзе аз дарс баромада ба хобгоҳ мерафтам, ки телефонам занг зад. Шумораи телефони Рухшонаро дида, дилам аз шодӣ қариб мекафид. Гӯширо бардоштам. Овози маҳини ӯ дар телефон садо доду дилам таҳ кашид.
-Алло Шамс. Хуб ҳастӣ?
-Бе ту ҳолам бад аст ҷон, ту чӣ ҳол дорӣ?
-Ман хубам. Вақт дорӣ, ки во хӯрем?
-Вақт надошта бошам ҳам, барои ту меёбам..
-Пас, соати як дар боғи Рӯдакӣ мешавӣ?
-Ҳатман!
Дар вақти таъйиншуда ба боғ рафтам. Рухшона дар даромадгоҳ маро интизор буд. Мӯи сар ва чашму абрӯвонашро оро дода, чунон зебо шуда буд, ки рассоми моҳиру шоири забардаст дар тасвираш оҷиз мемонд. Баробари маро дидан худро ба оғӯшам партофта ба гиристан сар кард. Гиряаш чунон раҳмовар буд, ки қариб ман ҳам мегиристам. Базӯр худамро ба даст гирифта, сабаб пурсидам. Ҷавоб надод. Хомӯшона ба боғ даромадем ва он рӯз то шом якҷоя сайругашт кардем. Вақти хайрухуш Рухшона боз худашро ба оғӯшам афканд. Лабҳои ташнаи ман боз бо лабони гарми бӯсахоҳаш даромехтанд.
-Ҷон, иҷозат медиҳӣ, ки равам?-Худро аз оғӯшам раҳо намуда пурсид бо чашмони ашколуд.
-Ихтиёрат, хоҳӣ бирав, аммо пеш аз рафтанат бигӯ, ки чаро во хӯрдем ва гапи муҳимат чӣ буд?-Мақсади дидору сабаби гиряашро фаҳмиданӣ шуда рост ба чашмонаш нигаристам.
-Ҳеҷ чиз ҷон, туро пазмон шуда будам,-нигоҳашро аз чашмони розҷӯи ман гурезонда ҷавоб дод Рухшона ва сар ба зер афканд.
Ҳангоми рафтан ӯ боз худро ба оғӯшам фиканд ва бӯсаи ошиқона тамоми саволҳои бе ҷавобро аз ёдам бурд.
Номаи дар ашк тар
Шоду мамнун ба хона баргаштам. Ҳангоми иваз намудани либосҳоям аз кисаам конверте ба замин афтид. Лифофаро кушодам. Аз дохилаш даъватнома ва номаи аз ашк доғи зардгаштаи чорқатшуда баромад. Даъватнома ба номи ман буд. “Даъватнома ба тӯйи Рухшона?! Худоё, ин чи нокомист?!”-бо чашмони пур аз ашк мактубро кушодам.
«Салом Шамс” Ту офтобе будӣ, ки торикистони қалби маро равшан намудӣ, вале танҳо барои се рӯз. Рӯзе, ки аввалин бор ту ба ман изҳори муҳаббат намудӣ, ҳиссиёти аҷибе вориди қалбам гардид. Пас аз дидори дуюм бошад, ту маро чунон волаю шайдо намудӣ, ки аз худ бе худ гаштам. Бо тамоми вуҷудам дӯстат доштам, вале маҷбурам туро абадан видоъ намоям. Шамс, ту намедонӣ, ки баъди он рӯзи вохӯрии дуюмамон чи воқеаҳои даҳшатборе ба сари оилаи мо омаданд. Ягона роҳи наҷот додани оилаамон аз фалокати ногузир ба як «Ғӯл» ба шавҳар баромадани ман аст. Маро бубахш, ки ба ишқат вафодор монда натавонистам. Ману ту танҳо се рӯз ишқварзӣ кардем, вале барои он се рӯз ва се бӯсаи ширини ошиқона солҳо бояд ғаму ғусса бихӯрем. Бирав, дигареро дӯст дору ба ман лаънат бихон. Ман лоиқи нигоҳи пурмеҳру қалби поки ту нестам! ”
Коғаз аз дастам афтиду пеши чашмонамро пардаи сиёҳе печонда гирифт. Вақте ки ба худ омадам, кайҳо дар бемористон будам ва модарам дар болои сарам нишаста ашк мерехт. Пурсидам, ки кай аз деҳа ба шаҳр омадааст ва маро кӣ ба ин ҷо овард.
-Оҳ бачаҷон, ту аз лаби гӯр бар гаштӣ! Ду моҳ боз шабу рӯз дар болои сарат нишаста Худоро зорӣ мекардам, ки ба ҷони ҷавонат раҳм кунад,-ашки чашмонашро бо гӯшаи қарси сафедаш поккунон гуфт модарам.
-Пас, ду моҳ боз Рухшонаи ман моли он “ғул ” аст,- ашк бари рӯям шорид, ашки талхи ҷудоӣ...
АНҶОМ