UFC мӯҳлати қарордодашро бо размҷӯи тоҷик Лоиқ Раҷабов дароз кардааст. Ин паҳлавони тоҷик метавонад боз дар 4 муҳорибаи дигар қудрати худро намоиш диҳад.
Тавре ки худи Лоиқ Раҷабов гуфтааст, ҳамкориашро бо UFC дар асоси қарордоди ҷадид идома дода, соли 2025 дар вазни 77 кг қувваозмоӣ хоҳад кард.
Лоиқ Раҷабов дар UFC бо лақаби “Танки тоҷик” машҳур аст ва дар асоси қарордоди ҷадид дар 4 муҳораба қудрат ва маҳорати худро нишон медиҳад.
ACA низ ба Лоиқ Раҷабов пешниҳоди ҳамкорӣ намудааст, вале на дар сатҳи PFL.
«Агар ба ман ҳамин қадар пул медоданд, шояд ба Русия мерафтам, вале PFL маблағи бештар медиҳад. Ман ба он хотир ба UFC гузаштам, ки дар PFL тез-тез муҳориба кардан лозим меояд. Дар 7 моҳ ман панҷ муҳориба гузаронидам. Ин барои як размҷӯй хеле зиёд аст. Ҳамин чиз намешуд, шояд ман дар PFL монда, се-чор маротиба бештар пул кор мекардам”-гуфтааст Лоиқ Раҷабов.