Arzon march 2024
Ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё 7 медал гирифтанд
200

Дар шаҳри Бангкоки Тайланд рақобатҳои инфиродии Қаҳрамонии ҷудои Осиё ба анҷом расид. Ҷудокорони тоҷик дар ин мусобиқаи бонуфузи осиёӣ 11 нафар ширкат варзида, ба гирифтани 7 медал ноил шуданд.

Дар мусобиқаи мазкур ба Темур Раҳимов (+100 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) муяссар шуд, ки ба гирифтани медали нуқра шарафёб гарданд.

Ҷудокорони дигари кишвари мо Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Эмомалии Нуралӣ (-66 кг), Обид Ҷебов (-66 кг) ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг) ба гирифтани нишонҳои биринҷӣ даст ёфтанд.

Умедҷон Раҷабов (-90 кг) панҷум ва Виктория Киселёва (+78 кг) ҳафтум шуданд. Кароматулло Ҳакимов (-100 кг) ва Кан Александра (-57 кг) бидуни натиҷаи назаррас мағлуб шуданд.

Ҳайати ҷудои Тоҷикистон бори аввал дар мусобиқаи даставии Қаҳрамонии ҷудои Осиё ширкат варзида, мақоми панҷумро касб намуд. Дастаи мо дар рақобат барои нишони биринҷӣ аз тими Муғулистон бо ҳисоби 2 бар 3 ноком гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД