formula
Тӯйи хоксорона оростан айб аст?
11.12.2022
ОИЛА
1189


Салом, ман Барно, аз шаҳри Душанбе ҳастам. Дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ намекашаму ягон мушкилӣ ҳам надорам. Ба наздикӣ бояд бо ҷавони дӯстдоштаам оиладор шавем, вале маро як масъала ба изтироб овардааст.

Ман мисли дигар духтарон тӯйи бодабдабаву базму сӯр дар тарабхона ва дигар маъракаҳои серташвишу сермеҳмон оростан намехоҳам. Аслан хеле духтари шармгин ҳастам ва намехоҳам, ки мисли лӯхтак худро орову торо диҳаму дигарон ба тамошои ман биёянд.

Ману домод маслиҳат кардем, ки дар Ватан никоҳ мекунему як тӯйи оддӣ ороста, аввал ба Туркия ва баъдан барои зиндагӣ ба шаҳри Маскав сафар мекунем охир, бо ҳамон маблағе, ки барои маъракаҳои бе маънӣ ва пурхарҷ сарф мекунем, мо метавонем дар кишвари афсонавии Туркия сайру саёҳат намуда, як ҷаҳон таассуроти наву тоза бардорем.

Гап сари он он аст, ки модарам ба ин қарори ман розӣ нест ва мегӯяд, ки мардум ва хешу ақрабо ба ҳоли мо механданд. Он кас ҳайрон шуда мегӯянд, ки ҳамаи духтарони тоҷик дар орзуи тӯйи бодабдаба ҳастанду ман бошам, чунин фикру ақида дорам.

Ҳарчанд ба модарам мефаҳмонам, вале он кас аз раъйи худ гаштан намехоҳанд. Ман намефаҳмам, чаро мо барои дигарон зиндагӣ мекунем? Чаро гапи атрофиён барои мо муҳим аст? Чаро мо худнамоиро дӯст медорем? Хонандагони азиз, фикри шумо барои ман хеле муҳим аст. Магар тӯйи оддӣ оростан айб аст?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД