Умеда бо ҳазорон умеду орзу хостгории ҷавони беҳтарини деҳаашонро қабул намуда, ба падару модараш аз розӣ буданаш хабар дод. Шоҳин ҷавони ҷиддӣ ва тақводору қуръонхон, ки буд, мисли ҷавонони имрӯза телефон дар даст тамоми рӯз ва шаб то саҳар бо арӯсшавандааш ҳамсӯҳбат намешуд.
Ҷавон пайваста модарашро таъкид мекард, ки ҳар чӣ зудтар тӯйи хонадоршавияшро баргузор намоянд, зеро дар фотиҳа дуру дароз истодани арӯс хосияти хуб надорад.
Падару модараш маслиҳат карда, ба хонаи қудо рафтанд ва қалинги арӯсро пардохт намуда, ба хона баргаштанд. Чор рӯз пеш аз тӯй арӯсу домодро бародарии калонии Шоҳин ба хонаи ақди никоҳ бурд. Шоҳин дар он рӯз ҳатто ба рӯйи арӯси паричеҳрааш нигоҳ накард. Ҳарчанд Умеда мехост дар масъалаи пӯшидани либоси арӯсӣ бо домод маслиҳат намояд, вале ҷуръат накард. Шоҳини бадқавоқ зуд имзои худро дар дафтари ақди никоҳ гузошту рафта, ба мошини бародараш нишаст ва то расидан ба деҳа бо гуларӯсаш сухане нагуфт.
Арӯси бепарво ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки маҳз либоси арӯсӣ сабаби бадбахтиҳояш мегардад. Рӯзи дигар Умеда ба толори арӯсӣ рафта, беҳтарин фаттаро ба бар кард. Куртаи арӯсӣ ба қаду қоматаш зебида, ӯро ба парии афсонавӣ монанд карда буд. Духтар қарор дод, ки ҳатман ҳамин куртаро ба бар хоҳад кард ва ба модараш занг зада гуфт, ки нархи фаттаи гирифтааш 4 ҳазор сомонӣ аст ва бигзор домод 2 ҳазор сомонии онро пардохт кунад, вагарна шавҳар намекунад.
Модари арӯс зуд ба қудояш холаи Парӣ занг зада, гуфтаи духтарашро расонд. Модари Шоҳин бо шунидани ин хабар ба ташвиш афтода, бо шавҳараш маслиҳат кард. Зану шавҳар ба хулосае омаданд, ки беҳтараш арӯс дар рӯзи тӯй либоси тоҷикӣ ба бар намояд, вале аз пайи ташвишҳои маъракаҳои дар пешистода модари Шоҳин дигар дар ин масъала ба касе чизе нагуфт. Рӯзи тӯй фаро расид.
Домод барои овардани арӯс ба хонаи падари Умеда рафт. Вақте аз дари хона даромад, баробари дидани арӯс ҳуш аз сараш парид. Либоси гуларӯс ҳам аз пеш ва ҳам аз пушт нимурён буд. Дар як дам авзои домод бе ҷо гашт ва худро дошта натавониста, апаашро фарёд карда, бо қаҳр гуфт: “Рафта, ба арӯси хушкардаатон гӯед, ки Шоҳин фоҳиша не, балки духтари хонаро арӯс карда бурданист”. Дар як дам ғалоғула сар шуд. Шоҳин чӣ кор карданашро надониста, назди падару модари Умеда рафта гуфт: “Шумо духтаратонро ба кӣ шавҳар додед, медонед? Ман духтари лучаки шуморо ба хонаамон намебарам. Моро шарманда карданиед, то духтаратон либоси махкам напӯшад, ман ӯро намебарам”! Ин суханони Шоҳин ба гӯши Умеда расид ва дар сари қаҳру ғазаб ба домод рӯ оварда гуфт: “Ман аз ту қарздору муттаҳам нестам. Ба даҳонат нигоҳ карда, гап зан, чунин арӯс писандат набошад, аз баҳри ту барин домод гузаштам”! Модари арӯс ба даҳони духтараш як торсакӣ зада, ӯро ба хона даровард ва ҷанги ду қудо сар шуд. Бародарони домод ҳарчанд Шоҳинро ором кардан мехостанд, ӯ ба худ омада наметавонист. “Бо чунин фаттаи бемаънияш моро аҳмақ кардан мехоҳад. Ман бо ӯ издивоҷ намекунам”-гӯён, домод ба шаст ба мошини дӯсташ Аъзам нишаста, ба хонаашон баргашт. Ду қудо арӯсу домодро ба мусолиҳа оварда наметавонистанд. Умеда доду фиғон бардошта, зор-зор мегирист. Домод бошад, бо дашному ҳақорат “Ман бо фоҳишаи қади раҳ тӯй карданӣ нестам” гуфта, хонаро ба сараш мебардошт. Аз дасти калонҳо низ коре намеомад. Маҷбур шуданд, ки тамоми хароҷоти тӯйро аз духтардор баргардонида, писарашонро бо духтари дигар хонадор намоянд. Шоҳин дар як рӯз ба худ арӯси муносиб ёфта, ду баробар қалинг доду Гулизорро ба хона арӯс карда оварданд.
Имрӯз зиндагии Шоҳин бо Гулизор хуб ҷараён дорад, аммо Умеда ҳанӯз ҳам ба худ наомадаасту бо пушаймонии зиёд ашки ҳасрат рехта, аз бахти шикастааш мегиряду мегиряд.