Тӯй аз рӯйи Лимузин вайрон шуду...
Соҳиб ном дорам. Духтареро самимона дӯст доштам, ҳар ду паймони муҳаббат бастем. Падари ман омӯзгор асту падари духтар хазинадори як коргоҳи бонуфуз. Вақте ки волидонам ба хостгорӣ рафтанд, падари дилдодаам шарт гузошт, ки аз маркази шаҳр барои духтараш хонаи сеҳуҷрагӣ харида диҳем. Баъдан падараш талаб кард, ки рӯзи тӯй барои овардани арӯс бояд мошини “лимузин” барем. Падарам рӯирост талаби падари дӯстдоштаамро рад намуда, гуфт ки мо бо онҳо баробар шуда наметавонем. Ман аз ғаму андуҳ рӯ ба муҳоҷират ниҳодам. Вақте хабари ба шавҳар баромадани дӯстдоштаамро фаҳмидам, дарунакӣ сӯхтам, азоб кашидам. Бо мумури вақт захмҳои дилам шифо ёфтанду соҳиби завҷаи солеҳа ва ду писараки зебо гардидам. Духтареро, ки дӯст медоштам, бори сеюм аст, ки оилавайрон мешавад, зеро хеле эрка асту падараш пайваста ба зиндагияш дахолат карда, духтарашро пуштибонӣ мекунад. Сабаби нома навиштанам ҳамин аст, ки мехоҳам тамоми падарону модаронро ҳушдор намоям, ки аз паси сарвати дунявӣ шуда, ҳаёти фарзандони худро насӯзонанд, зеро хушбахтӣ дар хонаву лимузин нест!
Таҳияи Шаҳло