Сокини шаҳриТурсунзода Ҳоҷӣ Неъмат Усмонови 75-сола тасмим гирифтааст, ки бари одамони камбизоат ошхонаи хайриявӣ кушояд. Дар ин ошхона рӯзе як маротиба ба маъюбон, ятимон, нафақахӯрон ва афроди бе касу кӯй хӯроки ройгон дода мешавад. Шахсони кӯҳансоле, ки имконияти ба ошхона омаданро надоранд, гурӯҳи волонтёрони шаҳр хӯрокро ба хонаҳояшон бурда, хотири онҳоро шод мегардонанд. Барои ҳар як ниёзманд нисфирӯзи хӯроки якум, дуввум, нон, шарбати мевагӣ ва меваи хушк пешниҳод мегардад.
Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дар сӯҳбат бо журналистон гуфтааст: “Шунидам, ки як ниёзманд дар як рӯз ҳамагӣ ду бор хӯроки камғизо истифода мебурдааст. Тасмим гирифтам, ки ба аёдаташ рафта, то кадом андоза рост будани шунидаҳоямро санҷам. Он чи ки дидам, маро водор намуд, ки барои ин гурӯҳ ниёзмандон ошхона кушоям...”
Умедворем, ки соҳибкорону сарватмандони дигар минтақаҳои кишварамон аз ин иқдоми хайрхоҳонаи ҳоҷи Неъмат Усмнов ибрат гирифта, ба ҳамдиёрони хеш дасти мадад дароз мекунанд.