Туркия-маркази ҷаҳонии сайёҳии тиббӣ
610

 Сайёҳии тиббӣ, ки дар кишварҳои ҷаҳон кайҳо маъмул аст, дар Туркия маҳфуми нисбатан нав аст.

Ин самт дар омезиши тандурустӣ ва сайёҳӣ пайдо шудааст. Ҳадафи он расондани кумаки тибии бо нархҳои дастрас ба мизоҷони мубталои бемориҳои мухталиф, ташхис, табобат ё ки барқарорсозии саломатии босифати онҳо дар бемористонҳои дохил ва хориҷи кишвар маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, сайёҳии тиббӣ ба мизоҷон ва шахсони ҳамроҳикунанда ба ҳангоми саёҳат ва ҳам табобат шароити мусоидро фароҳам карда мешавад.

Имрӯз сайёҳии тиббӣ, ки дар Тоҷикистон дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор дорад, омӯзиши таҷрубаҳои ҷаҳонӣ дар ин замина, ки кайҳо сайёҳии тиббӣ истифода шуда ва босуръат рушд мекунад, хеле муҳим аст.

Барои мисол дур рафтан зарурат надорад. Шояд ин нукта ногаҳонӣ садо диҳад, вале имрӯз яке аз марказҳои ҷаҳонии сайёҳии тиббӣ... Туркия ҳисоб меёбад.

Баланд будани қимати табобат дар кишварҳои пешрафта боиси пайдо шудани талаботи мизоҷон шуд: хизматрасонии баландсифати тиббӣ бо нархҳои дастрас ва ҳамроҳ бо хизматрасонии сайёҳӣ.

Аз ин талабот Туркия хеле моҳирона истифода карда, дар даҳсолаи ахир бо мусоидати ҳукумат ва сармоягузорони хусусӣ саноати тиббӣ бо технологияи муосиру инноватсионӣ бунёд шуд, ки дар он дастоварду таҷрибаҳои беҳтарини тибби кишварҳои ғарбӣ истифода шуда ва нархи хизматрасонӣ бошад ба таври чашмрас дастрас мебошад. Ҳамзамон, дар Туркия зерсохтори сайёҳӣ хеле рушд кардааст, ки саёҳати мизоҷони хориҷиро ба ин кишвар осон мекунад.

Дар соли 2005 бо мақсади рушди сайёҳии тиббии байналмилалӣ ва кумак ба мизоҷони хориҷӣ Ассотсиасияи сайёҳии тиббии Туркия (АСТТ) таъсис гардид. Имрӯз ин ниҳод на танҳо дар Туркия, балки дар ҷаҳон бузургтарин маҳсуб шуда ва дар сафҳои худ 375 узв, бемористону ташхисгоҳҳо, марказҳои обҳои гарму барқарорсозӣ, меҳмонхонаҳо, маҷмааҳои тандурустӣ, ҳамчунин шабакаҳо аз 167 намояндагӣ дар 92 кишвари ҷаҳонро муттаҳид кардааст.

Ба шарофати зерсохтори рушдёфта ва тавозуни бесобиқаи нарху сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамасола ҳудуди 1 миллион нафар аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон барои ташхису табобат ба Туркия меоянд. Ин тааҷҷубовар нест. Зеро имрӯз Туркия дар самти тиб бо кишварҳои Аврупо ва ҷаҳон дар сатҳи баробар қарор дорад. Бештари пизишкон дар Олмон, кишварҳои дигари Аврупо ва ИМА таҳсил ва таҷрубаомӯзӣ кардаанд. Дар ҳамин ҳол нархи хизматрасонии тиббӣ дар Туркия нисбат ба Аврупои Ғарбӣ, Амрико ва ё Исроил дастрастар аст.

Клиникаҳои беҳтарини Туркия соҳиби сертификатҳои меъёрҳои баландтарини байналмилали сифати хизматрасонии тиббӣ ба мизоҷон-JCI TEMOS International аст.

Имрӯз Туркия дар бахши хизматрасонии тиббӣ имконоти олиро пешниҳод мекунад. Мо ҳамарӯза аз 165 кишвар барои табобат ва барқарорсозии ҳолатҳои мураккаби бахши онкология , транспланталогия, нейрохирург, ортопедия, амрози қалб миёни калонсолону кӯдакон дархостҳо дарёфт мекунем”- хабар дод Эмин Чакмак, раиси Ассотсиасияи сайёҳии тиббии Туркия (АСТТ).

Ғайр аз расондани кумак дар интихоби клиника АСТТ ба мизоҷони хориҷӣ имтиёзҳои иловагӣ бо шумули интиқоли ройгон аз фурудгоҳ, поин бурдани нархи истиқомат дар меҳмонхонаҳои Туркия, хизмати ройгони тарҷумон ва ғайраро кафолат медиҳад.

Ташхиси аниқ ва саривақтӣ, табобати баландсифат, интиқоли бехавф, ҳузури мусоид, коҳиши хатари вазниншавии беморӣ ва пардохти шаффоф барои ҳар кадоме аз мизоҷон зарурӣ аст, ки бо бемории ҷиддӣ мубориза мебарад ва умед ба шифоёбӣ ва бозгашт ба зиндагии солим мебандад.

Маълумоти бештарро аз намояндагии Ассотсиасияи сайёҳии тиббии Туркия (АСТТ) дарёфт кунед.

Тоҷикистон:
+992 988821288

[email protected]
Барои маълумоти бештар:  
https://thtdc.org

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД