Formula novemver 2024
Тулӯи бахти Маъсума (ҚИСМИ 3)
1580

Ду ҳис қалби Намозро ба азоб гирифтор намуд. Аз як тараф ў мехост, ки ба дарди духтар дармон бахшида, ўро аз ин фоҷиаи офаридаи табиат озод намояд. Аз тарафи дигар меандешид, ки ба ин амали ў аҳли хонадон, сокинони маҳалла, ҳаққу ҳамсояҳо ва шиносу ношинос чӣ тавр баҳо медиҳанд.

- Номам Маъсума,- овози духтар ўро ба худ овард. Гўё дар таги ҷарие буд, ки ин садо ўро болои баландӣ бардошт.- Аз рўзи ба дунёи равшан қадам гузоштанам не, балки пайдо шуданам мафҳумҳои андўҳгинӣ, озурдахотирӣ, хафагӣ, ғамгинӣ, маъюсӣ, маҳзунӣ, малулӣ, бечорагӣ ва ночорӣ ҳамқадами ҳаёти ман гардид. Сӣ сол аст, ки ман маъсумам. Ҳар субҳ бо чашми чор, бо дили пурумед ба кўча мебароям, то ки марде ба ман таваҷҷуҳ кунаду изҳори муҳаббат намояд, ибораи муқаддаси «ман туро дўст медорам»-ро ба гўшам сарояд. Ман ҳам мехоҳам, ки тифлеро ба дунё биёрам, овози хандаву гиряашро шунавам. Давидану афтидану паридану ғел заданашро бо чашми сар, бо қалби пурэҳсос қабул намоям. Шабҳо сар ба зери курпа гирифта, то саҳар гиря маро домангир аст. Аз Худои муттаол илтиҷо мекардам, ки ба ман раҳм кунад. Ва, инак…

Маъсума боз резиши ашкони шашқаторашро дошта натавонист. Боз хомўшии тоқатфарсое дар дохили мошин девор баст.

Намоз бо тамоми вуҷуд азоби руҳиву ҷисмонии духтарро ҳис менамуд. Ба хотир овард, ки ҳангоми машғулиятҳо устодон борҳо алоқамандии мутаносиби руҳиву ҷисмониро қайд мекарданд. Ва инак, исботи ин нуқтаи назарро дар симои ин духтари маъюб мушоҳида мекард.

- Дарди маро ба ҳамсарат бигўй,- овози раҳмовари Маъсума дили ҷавонмардро пора - пора кард.- Охир, ў чун ман зан аст ва бояд дили ғалбергаштаи маро фаҳмад. Як ҳафта пас ман ҷавоби орзу, ният ва мақсади худро интизорам…

Мусофирбар бо суръати нихоят баланд ба пеш метохт. Равшании қушачароғҳояш дили шабро шикофта, шоҳроҳи васею ҳамворро дар тўли садупанҷоҳ - дусад метр пайваста фурўзон медошт. Саволи духтар чун оруе ҳуҷайраҳои сари ронандаро неш мезад ва ҷавоби талаби духтарро талаб мекард. Ҳарчанд мехост ба саволи духтар ҷавоб гўяд, вале сухани мувофиқ намеёфт. Ғайр аз садои гуп - гуп задани дили худ ҳеҷ чизро намешунавид.

- Пас, ман бояд мирам,- бо овози хиррӣ ҷавоб гардонд ронанда.

- Мурдан - ин супоришро иҷро карда натавонистан, яъне номардӣ бувад. Бо ақли расоят биандеш, ки ҳаққи мурдан надорӣ. Бояд супориш иҷро шавад,- боз такроран таъқид кард маъюба.

Аз байн ду ҳафта гузашт. Дар ин муддат Намоз гўё рўйи як дарза хор нишаста буд. Ду ҳафта ба кор набаромад. Метарсид, ки бо Маъсума рў ба рў мезанад. Аз тарафи дигар ҳарос дошт, ки ин рўйдодро ба ҳамсараш ошкор намояд. Ў аз худ бехуд буд. Соатҳо ба садои шилдироси ҷараёни оби ҷўйча гўш медод. Ба назараш чунин менамуд, ки садои меҳрангези Маъсумаро мешунавад. Ба баргҳои садбарги сурхи дар зери нурҳои зарҳалии хуршеди субҳ ҷилодиҳанда назар карда, гўиё симои паризоди Маъсумаро медид. Дар назди бутаҳои гашничу шибиту райҳон зону зада, ба машомаш бўйи масткунандаи духтар мерасид.

Ва шабе, пас аз он ки келинҳо дастурхонро ҷамъу гирд карда, ба хонаҳои худ гузаштанд, Меҳринисо ба гап даромад.

- Мардак, ду ҳафта боз ҳис карда истодаам, ки чизе туро азоб дода истодааст. Ду ҳафта боз хаёлан ба худ гап зада истодаӣ. Гўиё мо барои ту вуҷуд надорем. Ду ҳафта боз сиреро дар дил маҳфуз медорӣ. Ғаматро бигўй, то ки азобат сабук шавад. Беҳуда дар урфият намегўянд, ки ғами одамро одам мебардорад.

Ва Намоз бо сари хам, паст, бо овози ларзон, канда - канда саргузашти талхи Маъсумаро қисса намуд ва дар охири ҳикояи ғамангезаш илова кард:

- Ман ба духтар ҳеҷ гуна ваъда надодаам.

Виззоси пашаи дар тиреза часпида сукунати вазнинро халалдор мекард. Чинҳои дар пешонаи зебои Меҳринисо нақшбаста аз он гувоҳӣ медоданд, ки таърихи ҳаёти духтар ба ў таъсири амиқе расондааст. Ба назар чунин менамуд, ки гардиши ҳаёт як муддат аз ҳаракат монд. Ҷисми Намоз ба нимпайкарае монанд буд. Мунтазири ҳукми зан, ки тақдири ояндаи Маъсумаро ҳал мекард, наҷумбида менишаст.

- Хезед!,- амри ҳамсар Намозро як қад паронд.- Ман бояд ҳамон духтарро бинам.

Ҳине, ки Меҳринисо ба ҳуҷраи Маъсума қадам гузошт, Намоз аз қафояш бе овоз мерафт. Ў гумон дошт, ҳоло ҳамсараш аз хашму ғазаб аз ду кокули духтар гирифта, ўро аз болои ароба ба рўйи фарш партофта, таги мушту лагад мегирад.

Холаи Баргигул овози поймониро шунида, ў низ дар пушти онҳо рост шуд.

Ду зан ба ҳам менигаристанд. Яке болобаланд, рўзгордида, соҳиби фарзанду келину набера, бо нигоҳи қаноатманд аз рўзгори худ, дигаре хурдакак, болои ароба бо диди маҳзуну интизорӣ. Ин лаҳзаи риққатовар хеле давом кард. Дар хона гўё паша пар намезад. Чор ҷисм гўё ҳайкал буданд, ки аз худ овозе намебароварданд.

Аввалин шуда, Меҳринисо тоқат накард ва худро ашкрезон ба оғўши маъюба партофт. Овози гиряи баланди Маъсума хонаро пур кард. Намоз даст ба чашмони намноки худ бурда, аз ҳуҷра тозон баромад

Холаи Баргигул лаби докаи сафеди сарро ба чашм бурд. Меҳринисо бо кафи дасти пурқувваташ ашки чашмони қундоши ояндаашро пок мекарду Маъсума бо рўймолчаи дастидўхти худ пеши шоридани қатраҳои марворидмонанди ашки ҳамсари Намозро мегирифт.

Ниҳоят Меҳринисо сабук қомат бардошт ва рўй ҷониби холаи Баргигул овард:

- Апа, шумо меҳмонхонаро ба тартиб дароред. Ман рафта, муллоро меорам, то ки хутбаи никоҳро хонад…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД