Arzon march 2024
ТРАМП ДАР БАЛО МОНД
2995


Гурӯҳи эътирозгарони иборат аз садҳо нафар дар шаҳри Вашингтони ИМА аз назди бинои Конгресс роҳпаймоӣ ташкил намуда, то қарибии Қасри Сафед расиданд, - хабар медиҳад АИР “Новости”.

Иштирокчиёни намоиш дар пеши Қасри Сафед бо гурӯҳи эътирозгароне, ки қабл аз онҳо ба соати комендантӣ нигоҳ накарда, дар он ҷо қарор доштанд, ҳамроҳ шуданд.
Бо ҷамъ шудани норозиён Гвардияи миллӣ ва полиси шаҳр роҳи гулгашти Лафаетро дар пеши Қасри Сафедро бастанд. Баъди наздик шудани полис ба Қасри Сафед қисми калони ҷамъомадагон пароканда шуданд. Баъди пароканда шудани шумораи зиёди эътирозгарон дар майдон ҳудуди 100 нафар иштирокчӣ ва якчанд журналист боқӣ монданд.
Пас аз оне, ки Дарнелла Фрейзер, як истифодабарандаи Facеbook дар саҳифаи худ навори видеоеро гузошт, ки дар он корманди пулис гардани марди дар замин хобида - Ҷорҷ Флойдро бо зонуяш зер мекард, дар тамоми шаҳрҳои Амрико мавҷи эътироз ва бесарусомониҳо сар зад. Ҷорҷ ҳарчанд исрор мекард, ки наметавонад нафас кашад, вале корманди полис зонуяшро аз гардани ӯ нагирифт. То омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ” полис гардани Ҷорҷи 46 - соларо бо зонуяш зер карда истод, ки дар натиҷа ӯ аз ҳуш рафт. Мутаассифона, Ҷорҷ дар беморхона ба ҳалокат расид.
Дар робита ба ҳодисаи мазкур 4 афсари полис, ки дар дастгиркунии Ҷорҷ ширкат доштанд, аз кор озод карда шуданд. Афсари дигар Дерек Шовен, ки сабабгори марги ӯ шуд, аз рӯйи парвандаи куштори дараҷаи сеюм маҳкум гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД