Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз наҷоти шаҳрвандон дар ду ҳолат дар аввали моҳи равон хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, 1-уми августи соли 2024 соати 10:00 дақиқа автомашинаи тамғаи «Toyota Corolla Fielder», ки аз ҷониби як марди 59-солаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Вахш идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз маркази вилоят ба самти ҷамоати деҳоти Ваҳдат чархаш шикастааст. Мошин, ки бо суръати баланд дар ҳоли ҳаракат буд, баъди ин ҳодиса аз роҳ паридаву ба канали канори роҳ сарозер шудааст.
Хушбахтона, дар ин садама касе осеб надидааст. Ба ҷойи ҳодиса кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон расида, бо таноб мошинро баста ва баъдан бо истифода аз автокран онро аз канал берун овардаанд.
Ронанда ва мусофирон мустақилона ва беосеб то омадани имдодгарон аз дохили мошин берун шуда будаанд.
Инчунин, 1-уми августи соли равон соати 15:00 дақиқа як сокини 19-солаи шаҳри Хуҷанд ҳангоми оббозӣ дар Сирдарё дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ба ғарқ шудан оғоз мекунад. Инро имдодгарони навбатдори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд мушоҳида кардаанд. Онҳо фавран худро ба ҷойи ҳодиса расонида, ҷавонро аз марги эҳтимолӣ наҷот додаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми оббозӣ дар кӯлу баҳру дарёву канал қоидаҳои шиновариро риоя кунанд.