arzon replenishment
Торти “СНИКЕРС”
783


                              Маҳсулоти лозима:
5дона – тухм
160гр – шакар
5гр – ванилин
90гр – равған
40гр (2,5 қошуқ) – какао
120гр – орд
15гр – маводи ковоккунанда
Барои ороиш:
150гр – шакар
30грам – равғани маска
130грам - орех
850гр – қаймоқ
200гр – хокаи шакар

                            Тарзи таҳия:
Дар зарфе зардии тухмро ва дар зарфи дигар сафедии тухмро алоҳида бо миксер лат мезанем. Баъдан ба зарфи сафедии тухмдошта 80 грам шакарро илова карда лат мезанем. Ба зарфи зардии тухм дошта низ 80 грам шакар ва ванелин илова карда то тайёр шудани маҳлул бо миксер лат мезанем. Баъдан ба маҳлули зардии тухмдошта равғани растанӣ илова карда лат мезанем. Сафедӣ ва зардии тухмро якҷоя омехта мекунем.

Ба маҳлул какао, орд ва маводи ковоккунанда илова карда бо миксер то омода шудани маҳлул лат мезанем. Дар қолаб равған молида ба он қоғази пергамент тунук мекунем ва хамирро ба он мерезем. Дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа ва 25 – 30 дақиқа меистад. Маҳлуи қолаби дигарро низ мисли якум омода мекунем, маҳсулотҳояшон якхелаанд. Баъди пухтан каме мемонем хунук шавад. То хунук шудани он мо карамелро омода мекунем.

Дар тоба 150грам шакар дар оташи миёна омода мекунем. Беист мекобем. Рангаш зард шавад 30 грам равғани маска илова мекунем ва мекобем. 200 грам қаймоқ илова мекунем беист мекобем ҳал шавад. Карамел тайёр шуд ба он 130 грам орех илова мекунем. Барои ороиш қаймоқ ва хокаи шакарро бо миксер лат мезанем. Дар қабати якум малҳам (крем) мекунем ва бо малҳам (крем) девор мекунем то карамел дар миёни торт истад. Карамелро лар миёнаш мерезем. Қабати дуюмро низ мемонем ва малҳам (крем) мекунем.

Дар болои торт барои ороиш аз дилала истифода мебарем. Барои болои торт глазур омода мекунем, дар ҳама тарафаш мерезем ва шоколади сникерсро реза карда дар болояш мечинем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД