gazprom august 2025
Торти “Прага”
08.09.2025
Oila.tj
110

Маҳсулоти лозима:

2 тухм, 1 қошуқ шакар, 1 истакон сметана, ½ бонка ширқиём барои хамир, ½ бонка ширқиём барои ороиш, 1 қошуқча сода, 1,5 ҷошуқ орд, 1,5 қошуқ какао. Барои малҳам: 1 бонка ширқиёми пухташуда, ½ қуттӣ равғани маска.

Тарзи таҳия:

Какаоро бо шакару тухм нағзакак лат зада, ба он ширқиём, сметана, орду содаро илова кунед. Хамири ҳосилшударо ба қолаби тортпазӣ рехта, дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 35 дақиқа пазед. Баъди пурра хунук шудани кулчаҳоро аз байн ба 2 қисм бурида, ба қабати он ширқиём молед. Равғани маскаро бо ширқиёми пухта нағзакак лат зада, ба беруни торт молида, онро оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД