formula
Торти «Пианино»
669


                Маҳсулоти лозима:
2 дона – тухм
80 грам – шакар
80 грам – шир
70 грам – равған
10 грам – маводи ковокунанда
5 грам – ванелин
110 грам – орд
Какао
                  Барои ороиш:
200 грам – қаймоқи сливки
150 грам – хокаи шакар
300 грам – дилала
150 грам – шир
Какос
Тарзи таҳия:
Дар зарфи тортпазӣ тухм, шакар ва ванелинро бо миксер лат мезанем. Пас аз ин равған ва шир илова намуда боз бо миксер лат мезанем, баъдан орд, 2 қошуқ какао ва маводи ковокунанда андохта, то яклухт шуданаш латзаниро давом медиҳем.
Қолабро равған мемолем ва ба он қоғази пергамент тунук карда, маҳлулро мерезем. Тортро дар тафдон дар ҳаррати 180 дараҷа 25 дақиқа пухтан лозим аст.
Барои ороиш қаймоқу сливкиро бо миксер 5 дақиқа лат мезанем, баъдан ба он хокаи шакар илова карда, боз бо миксер лат мезанем. Дилала ва ширро бо миксер лат мезанем ва малҳамҳоро (крем) якҷоя карда, омехта мекунем.
Бисквит, ки хунук шуд ба он малҳамро мемолем ва аз болояш какос мепошем. Дар охир дар болояш шоколадро дар шакли пианино мечинем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД