arzon replenishment
Торти «Лаззат»
722


               Маҳсулоти лозима:
6 дона – тухм
200 грам – шакар
100 грам – оби гарм
15 грам – маводи ковокунанда
5 грам – ванелин
190 грам - орд
                           Барои ороиш:
300 грам – қаймоқи сливки
150 грам – хокаи шакар
300 грам – дилала
350 грам – шири хунук
60 грам – шоколад
                            Тарзи таҳия:
Ду зарфи тортпазӣ мегирем, дар якумаш зардии тухмро мегирем, дар дуюмаш сафедии тухмро. Аввал сафедии тухмро бо миксер лат мезанем, баъдан ба он 100 грам шакар илова карда, боз лат мезанем.
Ба зардии тухм 100 грам шакар илова карда бо миксер лат мезанем. Баъдан ба маҳлул ванелин ва оби гарм илова карда лат мезанем. Орд ва маводи ковоккунанда меандозем ва лат зада, сипас зардӣ ва сафедии тухмро якҷоя ва омехта мекунем.
Бисквити тортро дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа 25 – 30 пухтан лозим аст.
Барои ороиш қаймоқи сливиро бо миксер 5 дақиқа лат мезанем ва баъдан хокаи шакар илова карда, боз лат мезанем. Бисквит, ки пухт онро 2 тақсим мекунем ва малҳамро (крем) дар байнаш мемолем.
Барои ороиши болояш дилала ва шири хунукро бо миксер лат мезанем. Як қисмашро барои ороиши гулҳои болояш ҷудо гирифта мемонем.
Болои тортро малҳам(крем) молида бо шоколади обкардашуда оро медиҳем, баъд ба болояш бо малҳам (крем) гул мемонем. Ба болои гулҳо хокаи школад пошидан мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД