Arzon march 2024
Торти “Кӯҳпора”
540


Маҳсулоти лозима:
8 дона – тухм
1стакон – шакар
1 стакон – равған
3 қошуқ – асал
14 – 15 қошуқ – орд
10 грам – маводи ковоккунанда

Барои ороиш:
600 грам – қаймоқ
200 грам – хокаи шакар

                         Тарзи таҳия:
Дар зарфе тухмро бо шакар 2 – 3 дақиқа бо миксер лат мезанем. Ба он равған ва асал илова карда боз бо миксер лат мезанем. Баъдан орд ва моддаи ковоккунанда илова карда, то тайёр шудани маҳлул онро нағзакак омехта мекунем.
Ба қолаб равған молида маҳлулро мерезем ва ба тафдони ҳарораташ 180 дараҷа гузшта монед пухта сурх шавад. Пас аз пӯхтанаш онро хунук кардан лозим аст. Пас аз хунук шуданаш онро дар шакли ромбик мебурем ва чаппа гардонда таги бисквитҳоро қандоб мекунем. Барои ороиш дар зарфе қаймоқро каме лат мезанем ва хокаи шакарро кам- кам илова карда бо миксер лат мезанем. Баъдан бисквитҳоро дар малҳам (крем) тар мекунем ва дар зарфти тортгирӣ мисли кӯҳ мечинем. Тортро бо шоколади обкардашуда оро медиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД