arzon replenishment
Торти қаймоқӣ
517

Азбаски рӯзи аввали иди рамазон меҳмонони зиёде ба хонаашон рафту омад мекунанд, аксари занҳои тоҷик дар рӯзҳои дуюм ва сеюми ид ба хонаи хешу табор ва дугонаҳояшон меҳмонӣ мераванд.

Албатта меҳмононро бо шириниҳои ду рӯз ё се рӯз пеш пухта шуда пешвоз гирифтан хуб нест. Аз ҳамин хотир мо тарзи пухтани як торти хеле камхарҷ, вале болаззатро манзури шумо-бонувони мегардонем, то хотири меҳмонони худро шод гардонед.

Маҳсулоти лозима:
1,5 истакон об, 150 грамм маска, 1,5 истакон орд, 6 дона тум. Барои малҳам: 2 истакон қаймоқ, 1 истакон шакар.

Тарзи таҳия:
Дар навбати аввал ба дег об андохта, маскаро ҳамроҳ кунед. То ҷӯш омадан нигоҳ доред ва сипас ордро илова карда, аз болои оташ гиред. Каме хунук карда, ба он тухмҳоро якто - якто илова карда, омехта кунед.

Сипас, хамирро бо қошуқ ё қолабҳои махсус ба рӯи тобаи равғанкардашуда гузоред. Пас аз пухта гирифтан ба крем, ки аз шакару қаймоқ омода шудааст, тар карда гиред. Дар охир барои ороиш дар болояш шоколади майдашуда ё чормағз пошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД