10-уми феврали соли 1840 маликаи Англия Виктория ба шоҳзода Алберт Саксен Кобург Готский ба шавҳар мебарояд. Дар фарҷоми зиёфат ба меҳмонон торти сетабақае пешниҳод мекунанд, ки 140 килограмм вазн дошт.
Аксар меҳмонон чун медонистанд, ки малика аз ширинӣ парҳез аст, қариб ки онро начашиданд. Дар натиҷа, амр шуд, ки боқимондаи тортро дар қуттичаҳои оҳанӣ бастабандӣ карда, ба меҳмонон ҳамчун тӯшаи роҳ савғот бидиҳанд.
Баъдтар маълум шуд, ки на ҳамаи меҳмонон савғотро тӯшаи роҳ намуда будаанд. Баъзеҳо туҳфа аз дасти худи малика гуфта, онро ба фарзанду набераҳои худ ба мерос монданд.
Далел аст, ки бо гузашти қариб 200 сол пораҳои торт аз тӯйи малика то рӯзҳои мо омада расидаанд. Соли 2016 як пораи он дар музояда бо арзиши 2000 доллар фурӯхта шуд.