Торт аз пачина ва фалла
26.10.2025
Oila.tj
56

Маҳсулоти лозима:

24 дона пачина, 2,5 истакон шир, 250 грамм фалла, 4 қошуқ сметана, 4 қошуқ шакар, 3 қошуқ равғани маска.

Тарзи таҳия:

Барои тайёр кардани малҳами торт фалла, сметана, шакар, равғани маска ва пучоқи резаи лимӯро дар блендер лат занед. Ҳар як донаи пачинаро дар шир тар карда, 6 донаашро дар табақ тунук кунед. Ба рӯи пачинаҳо як қошуқӣ малҳами фаллагӣ гузошта, қабати дуюми пачинаро ҳамин тавр дар шир тар карда, ба болои он тунук кунед. Ҳамин тавр то тамом шудани пачинаҳо тортро қабат ба қабат чида, болояшро табъи дили худ оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД