Арӯси таъби дил
Насим танҳо монданашонро дида, ба Гулбоғ гуфт:
- Дар деҳаҳо аслан духтарон хеле зуд ба шавҳар мебароянд, чаро шумо дер шавҳар кардед? Ман мехоҳам дар бораи шумо зиёдтар донам…
- Ростӣ талабгорон буданд, вале ба дилам маъқул намеомаданд. Он гуна ҷавоне, ки ман мехостам, ба ман хостгор намешуд, зеро ман он қадар духтари зебо нестам, баъд падарам хонадомод мехостанд. Он кас писар надоранд,- гуфт бо овози гиряолуд Гулбоғ, аммо дар дил Насимро ҳақорат дод, намурдӣ ту сағираи бесоҳиби кафангадо, агар он қадар серхаридор бошӣ, чаро ба мани пирдухтар майл намудӣ?!
Аммо ғайри чашмдошти духтар Насим гуфт:
- Бону, ман дар хурдӣ модар, дар ҷавонӣ падару хонаву дар гум кардаам, аз ин рӯ кӯшиш мекунам, ки барои шумо шавҳари арзанда ва барои падаратон писар шавам. Аслан ба ман духтарони сабзина маъқуланд, шумо дар ҳусну ҷамол нуқсе надоред, ман танҳо ба шумо роҳу равиши ороиш ва либоспӯширо нишон медиҳам. Ана мебинед, ки садҳо нафар ҳаваси шуморо мехӯранд…
- Ман намехоҳам, ки садҳо нафар ҳаваси маро хӯранд, фақат ба шумо писанд оям, шуд. Моро модарам ҳамин гуна тарбия кардааст, ки «шавҳар қиблаи зан аст». Модари ман як зани биҳиштӣ аст, чун дид, ки аз вай писар намешавад, қариб буд падарамро зан диҳад, аммо падарам ман як тора мӯйи духтаронамро ба сад зани ҷавону даҳ писар иваз намекунам гуфта, зан нагирифт…
- Ҳамааш хуб мешавад,- гуфт Насим.
Марзи номус
Насим бо таъби болида ба берун баромаду сари як пиёла чой ба ҳама фаҳмонд, ки арӯс писандаш омадаасту Худо хоҳад ҳафтаи дигар сару по оварда, арӯсашро тӯй карда мебарад.
Амаки Миралӣ аз ин сухани ҷавон дар ҳайрат шуда, гуфт:
- Бачам, мо ба кампири Марям маслиҳат кардем, туро ба писарӣ мехонему хонадомод мекунем. Ту бошӣ…
- Амак, ман сағира ҳам бошам, нангу номус дорам, агар омада дар хонаи шумо зиндагӣ карда гардам, байни мардуми деҳаи шумо беқадр мегардам, аз ин рӯ баъди тӯй хонаеро аз маркази вилоят иҷора гирифта, арӯсро мебарам, баъд дар наздикии хонаатон порчаи заминеро харидорӣ намуда, ҳамроҳи Гулбоғ ба Россия меравем, аз он ҷо кор карда пулашро мефиристаму шумо барои мо хона бунёд мекунед, баъд он тарафашро мебинем. Аммо ман аз ҳамин рӯз дар назди ана ҳамин бародар, ки барои ман ҳаққи падарӣ ҳам доранд, шуморо падару холаамро модар мехонам.
Писари кампири Марям - Исҳоқ ба китфи Насим тап-тап зада, гуфт:
- Насимҷон, падари ту барои мо на ҳамсоя, балки хешу табор барин буд. Як пора нонашро бе мо намехӯрд, модари раҳматият як коса обро гарм кунад, онро албатта бо модари ман якҷоя медиданд, ба ҳамин хотир, ман туро ҷону ҷигар медонам. Арӯсатро ба хонаи мо мебарӣ, баъди баромадани чиллаат бо дуои мо ба Россия меравӣ, он тарафаш Худо подшоҳ…
Ҳама аҳли нишаст ба ақлу заковати ин ҷавони меҳнатӣ тан дода ба ӯ барори кор талабиданд…
Арӯси хомхаёл
Амаки Миралӣ ва холаи Сайрамбӣ домодро бо дастовезҳои зиёде гусел карданду пеши Худованд шукр мегуфтанд, ки ба духтари қайсару безебакашон чунин домоди олиҷаноб баромад. Амаки Миралӣ ба ҳамсараш хитоб карда, гуфт:
- Занак, духтаратро насиҳат намо, дилашро як дил карда, хизмати шавҳарашро кунад, ман боварӣ дорам, ки ин ҷавон ояндаи хуб дораду мурдаю зиндаи моро соҳибӣ мекунад…
Ин лаҳзаҳо Гулбоғ дар хонаи дигар қасри орзуҳояшро месохт ва рӯ ба рӯи оина истода, бо ҳама он ҷавонҳое, ки ӯро назарашон намегирифт, ҷанг мекард:
- Ҳоло мебинем, Амираки аблаҳ, бо ҳамон мошини опелакат фахр карда мегаштию маро сигани дойразан гӯён масхара мекардӣ? Нозанини зарди пашшаро тор-тори сар карда гирифтӣ? Ман дар чашмат нишон медиҳам, ки ман кию зардаки пашшаи ту кӣ?! Ту Бахтиёри ношуд, аз ҳама зиёдтар туро бад мебинам, ҳамин ту набудӣ, ки мактуби ошиқонаи навиштаи маро пеши ҳамсинфон хонда шармандаам кардӣ?! Акнун бо «зани букрии афти гули чукрӣ»-ят шавҳари паҳлавони маро дида талхаат мекафад! Ҳа, шумо ҳамаатон мебинед, ки ман чӣ хел аз мошини қиматбаҳои хориҷӣ, ҷомадони суп-сурхи рахшон дар даст, сумкачаи чармин дар китф бо туфлиҳои баланди худ туқ-туқ карда аз наздатон мегузараму ҳатто ба рӯятон нигоҳ намекунам.
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД