Arzon march 2024
“Толибон” ақибнишинӣ карданд. Забти 3 ноҳияи дигар
7213

“Толибон” ақибнишинӣ карданд. Забти 3 ноҳияи дигар

Гурӯҳи “Толибон” ҳангоми ҷанг бо неруҳои ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Андароби Бағлон ақибнишинӣ карданд.

Тавре оҷонсии русии ТАСС дар такя ба сарчашмаҳои иттилоотии худ хабар додааст, ки дар вилояти Бағлон ҷанг миёни нерӯҳои муқовимати миллии Афғонистон ва ва Толибон оғоз шудааст.

Бинобар талафоти зиёд “Толибон” ба ақибнишинӣ маҷбур шудаанд. Муқовимат рӯзи якшанбе дар мавзеи Пули Ҳисори водии Андароби Бағлон, ки дар ҳамсоягии Панҷер воқеъ аст, оғоз шудааст.

Як соат пеш фармондеҳи маҳаллӣ бо нашри як видео аз озод шудани се ноҳияи ин минтақа хабар дод ва “Толибон”-ро ҳушдор кард, ки бо ҳамин шева онҳоро шикаст хоҳад дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД