Arzon New
Толеъномаи 28 марти соли 2020
1783

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ҳамалҳои муҷаррад имкони пайдо намудани ҳамсафари ҳаётии худро доранд. Диққати худро ба мушкилоте, ки аз шумо вобастагӣ надорад, ҷалб насозед. Масъалаҳои молиявиатон хубанд, ба ташвиш наафтед, вале кӯшиш намоед, ки пулро барои чизҳои беҳуда сарф накунед.

 

Савр (21 апрел-22 май)

Дар касбу коратон муваффақияти зиёдро интизор бошед. Меҳнати шуморо на танҳо наздикон, балки нафароне, ки аз шумо фоида мебинанд, қадр мекунанд. Дар ҷодаи муҳаббат каме тағйирот имкон дорад, нафаре шуморо ба мулоқоти ошиқона даъват мекунад. Душманонатон аз худ дарак медиҳанд. Барои аз муноқиша халосӣ ёфтан ба танқиду иғвояшон диққат надиҳед.

 

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Хислати хушчақчақиятон боиси пайдо кардани дӯстони хуб ва корчалониятон дар тиҷорат бурдборӣ меорад. Нафароне, ки бо пули калон сару кор доранд, бояд ҳушёриро преша намоянд. Ҷавзоҳои муҷаррад ба нафаре ошиқ мешаванд, ки дар оянда ба касбу корашон кӯмак мерасонад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз барои заҳматҳои кашидаатон маблағи хуб ба даст меоред. Вазъи саломатиятон хуб аст, бо машқҳои ҷисмонӣ машғул шуда ҳолататонро беҳтар карда метавонед. Дар ҷодаи муҳаббат вазъият чандон хуб нест. Дӯстдоштаатон дигар бо шумо будан намехоҳад.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз ба саломатии худ хеле бодиққат бошед, зеро нақшаҳои зиёд бо сабаби шамол хӯрданатон амалӣ намешаванд. Агар бемориҳои куҳна дошта бошед, ба табиб муроҷиат кунед. Мулоқоти ошиқонаро ба рӯзи дигар гузоред, вагарна ҳам табъи худ ва ҳам аз дӯстдоштаатонро хира месозед.

 

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Барои муваффақ шудану ба ҳадаф расидан роҳҳои осонро наҷӯед. Фаромӯш насозед, ки ҳама кор сабурӣ ва заҳмати зиёдро талаб мекунад. Ҳар мушкиле,ки ба саратон меояд, мустақилона рафъ намоед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ кори иловагӣ ҷӯед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз дар ҳаёти оилавиятон оромиву нишот аст. Дар сурати пайдо шудани нишонаҳои бемории ангина ё шамолкашӣ чораҳои фаврӣ дида, аз пайи табобат шавед. Бо дӯстдоштаатон муноқиша кардан нахоҳед, ғалатҳои худро ба гардан гиред. Бо якравӣ вазъияти душворро рафъ карда наметавонед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз ҳатто дӯстони наздикатон шуморо ба кӯча бароварда наметавонанд. Кору бори хона чунон зиёд мешавад, ки вақти сархорӣ намеёбед. Мушкили деринаеро, ки наздиконатон ҳар дам хотиррасон мекарданд, рафъ месозед. Дар роҳ эҳтиёт бошед, ба хатар афтиданатон имкон дорад. Аз нафарони бадҷаҳлу асабӣ дурӣ ҷуста аз нобарориҳо халосӣ меёбед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз аз атрофиён таърифу тавсифи зиёд мешунавед. Бо оштӣ додани нафароне, ки бо ҳам забон ёфта наметавонанд, машғул шавед. Мушкили ҷиддӣ надошта бошед ҳам, аз норасоии пул азият мекашед. Ҳангоми баҳс бо дӯстон ҷониби касеро нагиред. Дар ҷодаи муҳаббат ба найрангу фиреб роҳ надиҳед.

 

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Бо нафаре, ки сахт эътимод доред, самимиву ошкоро бошед. Баъзеҳо бо маслиҳатҳои нодаркорашон ба асабатон мерасанд. Дар ин рӯз имкони харидани чизҳои нодаркор зиёд аст. Барои он ки аз бепулӣ азоб накашед, пулро беҳуда сарф накунед. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли каме нотоб шуданатон вуҷуд дорад.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз имкониятҳои зиёде бароятон фароҳам меояд, аз ин рӯ, имкони дилхушӣ карданро аз даст надиҳед. Нафарони муҷаррад дар маъракаи дӯстон бо нафаре шинос шуда, ошиқ мешаванд. Дар мулоқоти аввалин самимияти худро нишон диҳед. Барои он ки дӯстатон ба душман мубаддал нагардад, дар ин рӯз ба касе қарз надиҳед.

 

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз худро эҳтиёт карда, аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Табъи нохушатон боиси он мегардад, ки бо нафарони даркорӣ робитаи хуб карда наметавонед. Ғизоеро истеъмол намоед, ки ба саломатиятон безарар бошад. Баъди нисфирӯзӣ барои қабул кардани меҳмон омода бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД