Formula novemver 2024
Толеъномаи 18 январи 2020, шанбе
2232

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба сафари роҳи дур рафтанро маслиҳат намедиҳем, вагарна дар роҳ ба ҳодисаи нохуш гирифтор шуданатон имкон дорад. Дар ҷойи сокиту ором бо нафарони бароятон дилкаш суҳбат кунед ё бо кори зеҳнӣ машғул шавед. Дар масъалаҳои пулӣ бо нафароне, ки нисбаташон боварӣ надоред, ҳамкорӣ накунед. Ба садои қалб гӯш андохта, дӯстро аз душман фарқ карда метавонед. Хусусан дар интихоби ҳамсафари ҳаётӣ эҳтиёт шавед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯ з ба нафаре душманӣ накунед, вагарна худатон ба нохушиҳо гирифтор мегардед. Нисбати ҳамкороне, ки баробари шумо таҷ рибаву собиқаи корӣ надоранд, хурдагирӣ накунед. Пулҳои худро дар ҷойи бехатар нигоҳ доред ё ҳамёнатонро аз дуздон эҳтиёт кунед. Бегоҳирӯ зӣ бо нафаре вомехӯ ред, ки чандин моҳ дар ҳасрати дидори шумо буд. Каме нотоб мегардед, вале ин нишонаи камхобӣ аст.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз ба вазъияти ногувор гирифтор мешавед. Атрофиён шуморо дар бепарвоиву бемасъулиятӣ гунаҳкор месозанд, ба танқид омода бошед. Ҳангоми робита бо дӯ стдоштаатон кибру ғурурро ба кор набаред. Бо нафароне, ки солиёни зиёд риштаи мустаҳками дӯ стӣ доштед, самимӣ бошед. Агар дӯсти ҷониятонро ба душман мубаддал кардан нахоҳед, ба ӯ қарз надиҳеду қарз ҳам нагиред. Нафароне, ки аз фишорбаландӣ азият мекашанд, эҳтимоли нотоб шуданашон дар назар аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯ з ба вазъи саломатии худ бодиққат бошед. Агар дарде нороҳататон месохта бошад, ба табиб муроҷ иат кунед, бо худтабобаткунӣ машғул нашавед. Тарки одатҳои бад намуда, аз хӯ рдани ғизоҳои равғанин, хамирӣ ва шӯ р худдорӣ намоед. Бегоҳирӯ зӣ лаҳзаҳои хуши ошиқонаро интизор бошед. Даромади пулӣ табъатонро болида месозад, вале пулро зуд сарф мекунед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯ з аввалан мушкилиҳои худро ҳал кунеду баъдан аз пайи анҷ ом додани корҳои дигарон шавед. Вагарна бо рақибони худ як ба як монда, вақти пурқимати худро бо баҳсҳои бемаънӣ мегузаронед. Беҳтараш аз пайи ба даст овардани манбаи нави пулкоркунӣ шавед. Вохӯ рии хотирмон ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад. Аз пайи ҷ устани шахси идеалӣ нашуда, ҳақиқатбин шавед. Бемориҳоро бо худтабобаткунӣ рафъ сохта наметавонед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯ з дар гуфтору рафтор андозаро нигоҳ доред. Ба хабаргирии хеши беморатон меравед. Ба бемориҳои музмине, ки ҳар сол дар ҳамин вақт хурӯҷ мекунанд, бодиққат бошед. Сари вақт ба табиб муроҷ иат карда, оқибатҳои нохуши бемориро пешгирӣ мекунед. Агар маблағеро барои рӯзи мабодо захира карда бошед, ба касе нагӯед. Дӯстдоштаатон аз шумо меҳрубонӣ мехоҳад.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Ҳодисаҳое, ки дар ҳаётатон рух медиҳанд, ба дил наздик қабул накунед. Корҳоятон хуб мешаванд, ба шарте ки руҳафтода нашуда ба умеди кӯ маки бегонаҳо нашавед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ манбаи нави даромад ҷ устанатон лозим меояд. Аз маслиҳатҳои шахсе, ки дӯсташ медоред, рӯ нагардонед. Барои сар кардани табобат рӯзи мусоид аст.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯ з дар бораи худ ва дӯ стдоштаатон овозаҳои зиёдеро мешунавед. Агар оқилаву дурандеш бошед, ба ғайбатҳо бовар накунед. Ақрабҳои коргар бо супориши роҳбарият ба сафари хидматӣ мебароянд. Вазъи молиявиатон хуб аст, вале агар пулро сарфа накунед, ба зудӣ кисаҳоятон холӣ мегардад. Асабҳои харобгаштаро танҳо дар муҳити орому осоишта табобат карда метавонед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Аз субҳи содиқ қавс бояд нақшаи корӣ ва истироҳатро тартиб диҳад, то ки ниятҳояшро амалӣ карда тавонад. Табъи нохуши худро пинҳон доред, вагарна ба гирдоби яъсу ноумедӣ гирифтор мегардед. Вохӯ рии аҷ иб фикру ақидаҳоятонро ба бисёр чизҳо тағйир медиҳад. Ҳангоми дар нақлиёт сафар кардан эҳтимоли гум кардани телефон ё чизи қиматбаҳоятон вуҷуд дорад. Дӯстдоштаатон аз меҳрубонии шумо миннатдор аст.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз пешниҳоди нави корӣ имкон дорад, саросема нашавед, нағзакак фикр кунед. Барои сари қарори тақдирсоз омадан бароятон ду рӯ з кифоя аст. Дар масъалаҳои пулӣ бештар бо наздикони худ маслиҳат кунед. Нафароне, ки аз дарди меъда азият мекашанд, набояд бо худтабобаткунӣ машғул шаванд. Бегоҳирӯ зӣ ба хонаатон меҳмон меояд. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи созгор аст.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Маслиҳати дӯ сти наздикатонро бо назари танқид қабул накунед. Андешаи он ки дӯ статон ба зиндагии шумо бинӣ мехалонад, комилан ғалат аст. Дӯ сти зиндагидидаатон сидқан ба шумо кӯ мак кардан мехоҳад. Агар дар масъалаи фурӯ ши тиҷ орати шахсӣ ба ҳуқуқшинос муроҷ иат кунед, зудтар ба мақсад мерасед. Дарди сару асабоният ба саломатиятон беасар намемонад. Дар ин лаҳзаҳо дӯстдоштаатонро аз худ дур насозед.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Дар ин рӯ з душманон дар ҳақатон ноадолатиҳои зиёде мекунанд. Ҳушёр бошеду бадхоҳонро бе танбеҳ намонед. Аз ҷониби нафаре, ки нисбаташ бетафовут нестед, таърифу тавсифи зиёд мешунавед. Аз бепул мондани худ руҳафтода нашавед, рӯзҳои наздик вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ба саломатии шахси бароятон азиз бетафовут набошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД