arzon replenishment
Хобномаи қуръонӣ
9334


Ҳомиладорӣ
Агар мард дар хоб бубинад, ки занаш ҳомила аст, хушиҳои зиндагӣ насибаш мегардад ё хабари хуш мешунавад. Нафаре, ки худро ҳомиладор хоб мебинад, сарваташ афзун ва зиндагии осоишта насибаш мегардад.

Рафту духтари хона ё зани бе шавҳар дар хоб худро ҳомила бубинад, ба шавҳар мебарояд. Зани пиронсол ҳомиладорӣ хоб бубинад, бемор мегардад.

Бетартибӣ
Дар хоб дидани бетартибӣ аз нохушиву ногуворӣ шаҳодат медиҳад.
Ба бари рӯй задан
Зане, ки дар хоб ба рухсораи худ бо дастонаш мезанад, хабари писардор шуданро мешунавад.

Муҳориба, ҷанг
Дар хоб дидани муҳорибаву ҷанг маънои муноқишаву бадбиниро дорад.

Атр
Атрро хоб дидан нишонаи мадҳу ситоиш аст. Агар нафари бемор атр хоб бинад, рӯзи маргаш наздик аст. Зан дар хобаш атр занад, дар кори неке ширкат хоҳад варзид, рафту бе шавҳар бошад, издивоҷ мекунад. Дузду дурӯғгӯй дар хобаш атр пошад, пушаймон гашта, аз пайи тавбаву тазарруъ мегардад.

Хушбахтӣ, беҳбудӣ
Дар хоб худро хушбахту хушҳол дидан ба он ишора мекунад, ки мушкилиҳо рафъ гардида, агар шахс қарздор бошад, қарзашро бармегардонад ва аз ташвишу ғаму андуҳ раҳо меёбад.

Давлатмандӣ, дороӣ
Мард агар дар хоб худро доро бубинад, зан мегирад ва амалҳои нек ба анҷом мерасонад.

Лӯбиё
Дар хоб дидани лӯбиёи пухта нишонаи нек аст, вале агар лӯбиё норасидаву хом бошад, аз бадбахтӣ, ғаму беморӣ дарак медиҳад.
Боигарӣ
Ҳар нафаре, ки худро дар хоб сарватманд мебинад, аз ками худ қаноат мекунад, зеро қаноатмандӣ аз ризқи ёфтаи худ давлат аст.

Ҷом, соғар, қадаҳ
Дар хоб дидани ҷоми пур аз ҳомила гаштани зан дарак медиҳад.

Беморӣ
Беморӣ дар хоб нишонаи дурӯягӣ ва бе имонӣ аст.

Ботлоқ
Ботлоқро хоб дидан маънои бебарорӣ дар кор аст.

Беморхона
Беморхонаро хоб дидан ё дар хоб ба хабаргирии шахси бемор рафтан аз бурдборӣ дар корҳо, саломатии хуб ва комёбиҳо далолат медиҳад.

Бемор
Шахси беморро хоб дидан маънои онро дорад, ки нафарони ғамгин шод мегарданду сарватмандон муҳтоҷ мегарданд. Дар хоб аз беморӣ фавтидан шаҳодати он аст, ки баъди қашшоқӣ инсон бою доро мегардад. Дар хоб худро бемор бубинӣ, агар нияти ба сафар баромаданро дошта бошӣ, дар сафар хатар таҳдид мекунад.

Дард
Дарди миён дар хоб ишора ба он аст, ки наздикони худро нороҳат месозед. Дарди пой дар хоб аз амалҳои ғайришаръӣ дарак медиҳад. Дарди ҷигар нишондиҳандаи он аст, ки шахси чунин хобдида ба фарзанди худ зарар расонида, ӯро меранҷонад. Дарди дил нишонаи бе имонӣ дар дин аст.

Риш
Риш дар хоб боигарӣ, бузургиву ҳашамат аст. Агар мард хоб бубинад, ки ришаш дароз шудааст, соҳиби давлату шуҳрат ва зиндагии серу пур мегардад. Дар хоб риши худро тарошида дидан рехтани обрӯву нуфуз аст. Ҳар нафаре, ки дар хоб ҳам сару ҳам риши худро тарошида мебинад, мушкилаш ҳал мегардад, бемор бошад, шифо меёбад. Писарбачаи наврас худро бо риш хоб бубинад, нишонаи бад аст. Риши сип-сиёҳ дар хоб ба боигарӣ ишора мекунад. Риши сурх хоб дидан аз тақводориву порсоӣ нишон аст. Зане, ки дар хоб худро ришдор мебинад, ҳеҷ гоҳ таваллуд намекунад. Рафту зани шавҳардор бошад, чунин хоб дидан нишонаи аз шавҳар шуданро дорад. Агар зани ҳомила дар хобаш худро ришдор бубинад, писареро ба дунё меорад, ки баъдан сағера монданашг эҳтимол дорад. Риши сафед нишонаи эътибору манзалат аст.

Озах
Дар хоб озах бубинед, хабари хуш мешунавед.

Муҳориба, занозанӣ
Агар инсон хоб бубинад, ки ӯро нафаре ба замин афтонидааст, нафари ҳуҷумкарда дороияшро нобуд месозад. Дар хоб бо нафаре занозанӣ кардан аз ҷанҷолу муноқиша, низоъ бо дӯстон, мушкилоти оилавӣ ва ғаму алам шаҳодат медиҳад.

Чалак (бочка)
Чалаки пур маънои сериву пурии хонадонро дорад. Чалаки холӣ аз нохушиву зарару зиён дарак медиҳад.

Даспона
Дар хоб даспона пушидани мард нишонаи он аст, ки мард дилсӯзӣ ва ғамхорӣ аст. Агар зан даспона пӯшад, хушнуд мегардад. Пӯшидани даспонаи нуқрагин нишонаи пурзӯрии имон аст. Пӯшидани даспонаи тиллоӣ аз содир намудани гуноҳ хабар медиҳад. Агар мард дар хобаш аз оринҷ боло даспона пӯшад, пас имконият ва нуфузи бародараш меафзояд. Рафту даспона шаддаҳои алоҳида дошта бошад, инсон гирифтори ташвишҳои зиёдатӣ мегардад, ки бо хоҳар ё бародараш алоқаманд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
сочида 2019-10-16, 21:08
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕДман дар хоб шири бо хун
Посух
Мухабат 2023-09-09, 08:45
Агар зан хоб бубинад ки пистонаш пур аз Шир аст...
Посух
Саид 2023-10-24, 05:21
Хоб дидам Ки хамсарам бо марди бе гонке хам Хоби дорад ва Ман он мардро куштам ма як Сол пеш Зан гирифтам холо мудати 8 Сол АСТ Ки дар Русич аз хамсарам дур хстам занм мусалмон хонашин ва Худо тарс аст. Ман охирон вактхо чунин хобхо бисёр мебинам,илтимос зудтар чавоб дихед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
сочида 2019-10-16, 21:08
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕДман дар хоб шири бо хун
Посух
Мухабат 2023-09-09, 08:45
Агар зан хоб бубинад ки пистонаш пур аз Шир аст...
Посух
Саид 2023-10-24, 05:21
Хоб дидам Ки хамсарам бо марди бе гонке хам Хоби дорад ва Ман он мардро куштам ма як Сол пеш Зан гирифтам холо мудати 8 Сол АСТ Ки дар Русич аз хамсарам дур хстам занм мусалмон хонашин ва Худо тарс аст. Ман охирон вактхо чунин хобхо бисёр мебинам,илтимос зудтар чавоб дихед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД