Arzon march 2024
Толеъномаи 18-уми ноябри 2019 аз Турсуной
2319

 

 


Ҳ
амал

Дар ин рӯз дар масъалаҳои молиявӣ аз ҳад зиёд фаъолнокӣ нишон надиҳед. Нафаре аз шумо қарз мепурсад, қабл аз пул додан нағзакак андеша намоед. Умуман дар ин рӯз ба ҳар коре, ки даст мезанед, нағзакак фикр карда, шитоб накунед. Рафту муҷаррад бошед, аз маъракаҳои дилхушкунанда дурӣ наҷӯед. Имрӯз шуморо вохӯриҳои тақдирсоз интизоранд. Рӯзи хубест барои ташхис ва табобати бемориҳо.

 

Савр

Дар ин рӯз имконияти ба даст овардани маблағи пулӣ хеле зиёд аст, аз он истифода баред. Барои васеъ сохтани сатҳи ҷаҳонбиниятон рӯзи мусоид аст, хусусан агар дар сафар бо шахси дӯстдоштаатон бошед. Хабари дар ин рӯз шунидаатонро овоза накунед, вагарна ба худатон зарар мерасонед. Саломатиро эҳтиёт кунед, дар нафарони гирифтори бемориҳои дилу рагҳои хунгард хатари хурӯҷи беморӣ дар назар аст.

Ҷавзо

Ҳар сухане, ки ба забон меоред, сад бор андеша карда, баъдан ба забон оред. Нохушиҳои зиёде, ки бо шумо рух медиҳанд, маҳз бо сабаби гуфтори беандешаатон сар мезананд. Беҳуда нагуфтанд, ки «даҳони пӯшида сад тилло». Ба ҳар кори майда-чӯйда диққат дода, асаби худро вайрон накунед. Нафароне, ки аллакай кисаҳояшон холӣ шудаанд, каме пул ба даст оварда метавонанд. Рашки беҳуда боиси ранҷиши дӯстдоштаатон мегардад.

 

Саратон

Дар ин рӯз ҳангоми робита бо шиносҳои нав хеле эҳтиёткор бошед. Таваҷуҳи нафарони бадкирдорро ба худ кашиданатон имконпазир аст. Қабл аз он ки дар назди бегонагон дарди дил мекунед, нағзакак андеша намоед. Бо шахси дӯстдоштаи худ баҳсу мунозира накунед. Бо худ пули калон гирифта нагардед, хатари ба доми дуздон афтиданатон дар назар аст. Ягона чизе, ки имрӯз табъи шуморо хира мегардонад, моли харидаи бе сифат аст. Пулро беҳуд сарф накунед.

 

Асад

Дар ин рӯз бо баҳсу мунозира, рафъ намудани мушкилиҳои баҳсталаб ва оштишавӣ машғул нашавед. Агар бо шахсе шинос шавед, ки бо як дидан дилатонро ба ларза оварад, ӯ дар зиндагиятон нақши муҳимро мебозад. Аз мушкилиҳои молиявии ба саратон омада ноумед нашавед, гузаштаро фаромӯш кунед. Дарди дандонро танҳо бо кӯмаки табиби ботаҷриба рафъ карда метавонед.

 

Сунбула

Айни замон муноқиша карданро маслиҳат намедиҳем, хусусан бо нафаре ки дӯсташ медоред, дилранҷонӣ накунед. Дар ин рӯз қаҳру ғазабатон чунон зиёд мегардад, ки ба ҳарфи касе гӯш додан намехоҳед. Дар дигар ҷодаҳои зиндагӣ шуморо комёбӣ интизор аст, зеро кисаҳоятон пури пул ва саломатиятон ташвиш намедиҳад.

Мизон

Бадхоҳонатон кӯшиши шуморо ба муноқиша кашиданро мекунанд. Ба иғвогарӣ дода нашавед, ин баҳс ба шумо дахл надорад. Хароҷоти ногаҳонӣ карданатон пеш меояд, пулро беҳуда сарф накунед. Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав ва мулоқоти ошиқона. Нисбати саломатии худ фориғболӣ накунед. Дар ин рӯз бо мошин ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем.

Ақраб

Ҳар кореро, ки дар ин рӯз оғоз мекунед, бобарор анҷом ёфта, ба пешравиҳоятон мусоидат мекунад. Бо нафарони воломақом баҳс карданро тавсия намедиҳем, вагарна дар ҳалли масъалаҳои молиявӣ сахт душворӣ мекашед. Нафарони коргар мукофотпулӣ гирифтанашон имкон дорад. Ба маслиҳати шахси дӯстдоштаатон бепарвоӣ зоҳир накунед, дӯстро аз душман фарқ кунед. Асабро эҳтиёт кунед, вагарна нотоб шуданатон имконпазир аст.

Қавс

Корҳои ҷиддиву маъракаҳоро ба нақша гирифта метавонед, дар ин рӯз аз уҳдаи ин корҳо ба хубӣ мебароед. Агар вазъи молиявиатон хуб бошад, ба мулоқоти ошиқона рафта, дилхушиву истироҳат кунед. Дар акси ҳол, вақте расидааст, ки дар фикри даромади иловагии пулӣ шавед. Нафарони оиладор ҳангоми робита бо нафарони бегона бояд эҳтиёткор бошанд, вагарна дар муносибатҳои оилавиятон мушкилӣ сар мезанад.

Ҷаддӣ

Муносибататон бо атрофиён дар ин рӯз хуб ҷараён мегирад. Дар масъалаҳои молиявӣ нафаре дастгирӣ мекунад, ки ҳеҷ интизор набудед. Ҷисману руҳан худро хуб эҳсос мекунед. Ба нафаре дасти кӯмак дароз карда, болидаруҳ мегардед. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед. Нафаре пайдо мешавад, ки зиндагии шуморо беҳтар сохтан мехоҳад.

Далв

Агар аз уҳдаи коре баромада натавонед, бори дигар аз паяш шавед. Имкони хуби дар чанд ҷода мувафақ шудану маблағи хуб ба даст оварданатон вуҷуд дорад. Таърифу тавсифи наздикон ва ҳамкорон шуморо пару бол мебахшад. Барои рафъ намудани асабоният ба корҳои ҷисмонӣ машғул шавед. Рашки беасосро аз худ дур намоед. Аз истеъмоли хӯроки шӯр ва тунд худдорӣ намоед.

 

Ҳут

Дар ин рӯз барои ба даст овардани маблағи хуб кӯшиши зиёд карданатон лозим меояду барои рафъи монеаҳо бодиққат бояд бошед. Айни замон саломатиятон нохуб мегардад, барои он ки бемор нашавед, хӯроки қаланфурдоштаро истеъмол накунед, он сабабгори хӯруҷи бемориҳои рӯдаву меъда мегардад. Дӯстдоштаатон сиреро аз шумо пинҳон кардан мехоҳад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД