Formula novemver 2024
Толеъномаи 12 декабри 2019, панҷшанбе
2013

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Бо вохӯриву корҳои муҳим машғул шуда метавонед. Аз маъракаву пешниҳодҳои нафарони шубҳанок дурӣ ҷуед. Муносибатҳои ошиқона ва ҳаёти шахсиятон хуб ҷараён мегирад. Ба беморие, ки чанд муддат азиятатон медиҳад, фориғболӣ накунед, вагарна табобаташ вақту маблағи зиёдро талаб мекунад.

Савр (21 апрел-22 май)

Имрӯзро рӯзи тақдирсоз номидан ғалат аст, ягон воқеаи муҳим рух намедиҳад. Ба умеди касе нашуда, муҳити корӣ ва лаҳзаҳои фароғатии худро гуногунранг гардонед. Барои сар кардани табобати бемориҳо рӯзи мусоид аст, вале сергапӣ карданро маслиҳат намедиҳем.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз миёни обу оташ мемонед. Пешакӣ роҳҳои аз вазъиятҳои ногувор баромаданро дида, чораандешӣ намоед. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати ёратон меҳру навозиши зиёд менамоед, вале бар ивазаш бепарвоии ёратонро дида дилхун мегардед. Нисбати наздикони худ таваҷуҳи бештар зоҳир намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Ҳангоми рафъи мушкилиҳои худ касеро ҳамроҳ насозед. Дар оилаатон ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо гашта, аз муҳити орому осудаи хонаводагӣ роҳат мекунед. Мувафақият дар ҷодаи муҳаббат ҳамсафари шумо мегардад, ба шарте ки дар дил ниятҳои ғаразнок надошта бошед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин давра аз баҳсу мунозира бо роҳбарияти коргоҳ ва ҳамкорон худдорӣ намуда, беҳтараш диққати худро ба корҳое равона созед, ки дар ҳақиқат фоидааш ба шумо мерасида бошад. Аз уҳдаи корҳое, ки дар танҳоӣ баромада наметавонед, беҳтараш ба таъхир гузоред. Рӯзи хубест барои ҷашну хурсандиҳо ва сафару саёҳат.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ҳунару маҳорати доштаатон ба кор меравад. Нисбати пешниҳодҳои аз ҷониби нафарони бо бадӣ номбароварда ё шахсоне, ки хуб намешиносед, ҳушёрӣ пеша намоед. Оташи қаҳру ғазаби худро ба сари нафароне, ки бароятон азизанд, пош надиҳед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз ягон кори ҷиддиро ба нақша нагиред, монеаҳои баногаҳ пайдошуда табъатонро хира мегардонад. Айни замон бо роҳбарияти коргоҳ, ҳамкорон, ёрдамчиён забон ёфтанатон душвор гашта, дар натиҷа на танҳо корҳоятон пеш намераванд, балки асабатон хароб мегардад.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Айни замон дар масъалаҳои касбӣ ва рӯзгор ягон мушкилие сади роҳатон пайдо намешавад. Бо ҳуҷҷатҳои муҳим кор карда, гуфтушунидҳо бурда метавонед. Шуморо вохӯриҳои гуворо ва истироҳати бофароғат дар муҳити осуда интизор аст.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Рӯзи бобарор аст, нақшаҳои беҳтарини худро дар амал татбиқ намуда, аз комёб шудан умедвор шавед. Дар ҷойи кор ба ҳамкорон имкон надиҳед, ки шуморо барои иҷрои коре саросема намоянд ё вақтатонро беҳуда гиранд. Дар ҷодаи муҳаббат хабарҳои хуш мешунавед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Барои нафароне, ки бо соҳибкорӣ машғуланд, рӯзи бобарор аст. Аз таваккал кардан наҳарсоед. Бо вуҷуди ба ғалат роҳ доданатон ҳодисаи ҷиддие рух намедиҳад. Хуб мебуд, ки дар ин рӯз ба вазъи молиявии худ бештар диққат дода, аз пайи рафъи мушкилиҳо гардед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз аз пай корҳое шавед, ки дар тӯли як ҳафта ҷамъ шуда, ҳалли ҳатмиро металабанд. Нақшаҳои тиҷоратӣ дар ин рӯз бобарор мешаванд. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале серкориву ташвиши зиёд таъсири худро ҳатман мерасонанд.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Дар ин рӯз қисми зиёди нафароне, ки дар мучали ҳут ба дунё омадаанд, бо корҳои таъмиру тармими хонаву дари худ машғул мешаванд. Агар дар фикри иваз намудани ҷойи кори худ бошед, дар ин рӯз имкони мусоид фароҳам меояд. Пешниҳоди дар ин рӯз гирифтаатон хеле бобарор мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД