1xbet
Тоҷирбонуи муваффақ
241

Зайнура Атабаева яке аз тоҷирбонуҳои муваффақест, ки ба   фурӯши китобҳои дарсӣ ва илмиву бадеӣ машғул аст. Ӯ тиҷораташро аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ оғоз карда, ҳатто замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ низ китобфурӯшӣ мекард. Хабарнигори Oila.tj бо ин соҳибкорзани муваффақ ҳамсуҳбат шуда, пиромуни тиҷорати бонувон, роҳҳои рушди тиҷорати инфиродӣ, ташвиқи фарҳанги китобхонӣ ва аз саргузашти ҷолиби ӯ нақл кард.

Қадами аввал ба сӯйи тиҷорат

Зайнура Атабаева тиҷорати инфиродияшро бо фурӯши китобҳои китобхонаи шахсияш шуруъ кард. Он замон қариб 200 китобҳои илмӣ ва бадеиву расмӣ дар ихтиёр дошт. Вале солҳои аввал фурӯши китоб душвор буд. Зеро солҳои 1990 таваҷҷуҳи мардум ба ғизои моддӣ зиёд буду ба ғизои маънавӣ кам эътибор медоданд.

"Замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои мардум солҳои ниҳоят вазнин буд. Ҳама кӯшиш мекард коре кунаду пораи ноне ба даст орад. Ман ҳам хостам ба ягон тиҷорат машғул шавам. Вале маблағи кофӣ надоштам. Фикр карда ба хулосае омадам, ки ба фурӯши китобҳои бадеӣ машғул мешавам. Дар хона китобҳои зиёди бадеӣ доштам ва онҳоро ба фурӯш гузоштам. Ҳамин тавр роҳи тиҷорат бароям боз шуд",- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфти Зайнура, фурӯши китоб дар аввал каме душвор буд. Он солҳо мардум он қадар китоб намехариданд. Қаҳрамони мо тасмим гирифт бо нашриётҳои ҷумҳурӣ шартнома баста, ба дӯконҳои китобфурӯшии шаҳру навоҳии вилояти Суғд китоб тақсим кунад.

"Солҳои 1995-1996 тасмим гирифтам тиҷоратамро васеъ кунам. Аз ин рӯ, солҳо ба дӯконҳои китобфурӯшии вилоят, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд китоб тақсим кардам. Ғайр аз ин аз матбааи "Матбуоти Ӯротеппа", ки ҳамон вақт дафтарҳои фаннӣ истеҳсол мекард, шартнома баста, ба фурӯши дафтар машғул шудам. Қадами аввал ба сӯйи тиҷорат душвор буд, вале бо вуҷуди ин бо азму иродаи қавӣ ба соҳибкорӣ рӯй овардам. Аз кори худ завқ мебарам ва хастагие эҳсос намекунам. Зеро ман китоб мефурӯшам",- гуфт Зайнура Атабаева.

Китоб ҳаётамро тағйир дод

Зайнура Атабаева мегӯяд номҳои зебову муқоваҳои назаррабои китоб диққаташро ҷалб кардааст. Аз ин рӯ, ба хондани китоб рӯй овардаасту то имрӯз ҳар китоби наве, ки меорад, ҳатман мутолиа мекунад.

"Боре аз худ суол кардам, ки ин қадар китоб мефурӯшам, дохили ин махзани маърифат чӣ нуҳуфтааст? Ҳамин тавр ба китобхонӣ рӯй овардам. Вақте китоб хондам, эҳсос кардам, ки он барои ман гуфта шудааст. Хоса китобҳои рӯҳбаландкунандаи Дейл Карнеги, Бодо Шофер, Пауло Куэло, аз нависандагони худамон Шераки Ориён, асарҳои Садриддин Айнӣ, Аҳмади Дониш, Фазлиддин Муҳаммадиев ва китобҳои фалсафию психологӣ нигоҳамро ба зиндагӣ тағйир дод",- иброз дошт тоҷирбону.

Ба қавли Зайнура, пас аз хондани китоб муносибаташ ба атрофиён, аз ҷумла хушдоману шавҳар ва фарзандону пайвандон дигар шуда, некандешу некбин шудааст.

"Мутолиаи китоб на танҳо пиндору рафтору гуфторамро тағйир дод, балки барои васеъ кардани тиҷорати китоб ва маводҳои конселярӣ мусоидат намуд. Агар пештар аз ҳар воқеа фоҷиа созам, ҳоло аз ҳар фоҷиа ҳикмат меҷӯям",- гуфт ҳамсуҳбати мо.  

Тавсия ба бонувон

Зайнура Атабаева ба бонувон тавсия медиҳад, ки ба ҳунарҳои мардумӣ рӯй оранд ё ба ягон тиҷорат машғул шаванд. Аз нигоҳи ӯ барои расидан ба хоставу муваффақиятҳо танҳо китобу китобхонӣ мусоидат мекунад. Ба гуфти ӯ, ҳадди ақал дар як моҳ як китоб бояд хонд.

"Ба бонувон тавсия медиҳам, ки вақти пурқимати худро бо ғайбату суханчинӣ ва ё дидани баъзе наворҳои бемаъниву бемантиқи шабакаҳои иҷтимоӣ сарф накунанд. Бештар китоб мутолиа кунанд ва фарзандони худро ба китобхонӣ ташвиқ намоянд. Зеро ягона роҳи пешрафти ҷомеа танҳо дар мутолиа ва омӯзиши забонҳои хориҷиву технологияҳои нав мебошад. Ба наздики шеъри нави устод Фарзонаро хондам, ки ба дарди ҷомеаи имрӯз гуфта шудааст.

... Фурсати мо кофист

                 барои ғафлату хамёза,

Барои гӯш супурдан

                 ба бедалелтарин ғайбату             

                 ҳубобтарин овоза.

Ба гирудори кӯчаву бозор.

Барои раҳ бурдан

                 фақат ба ҷодаи такрор.

Аммо ду аср шуд ки наёмад фикри                 

     беоҳари мо      

           як бор ҳам ба кор...

Зайнура Атабаева шод аз он аст, ки таваҷҷуҳи мардум ба китобу китобхонӣ афзудааст. Ӯ ин ҳамаро дар таъсиси озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" медонад.

"Дар замони соҳибистиқлолӣ одами соҳибмаърифат, соҳибилм, китобхон қадр мегардад. Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" мисоли равшани ин гуфтаҳост. Ҳар сол китобхонҳо меафзоянд. Ҳамзамон мукофотҳои зиёди пулӣ барои беҳтарин китобхонҳо муқаррар шудааст. Ба ин неъмати бузург ҳар лаҳзаву ҳар дам шукрона бояд кард. Ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо барои рушду пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон саҳм гузорем",- таъкид кард ҳамсуҳбати мо.

Зайнура Атабаева имрӯзҳо дӯкони китобфурӯшии шахсии худро дорад. Он "Ганҷ" ном дошта, китобҳои зиёди дарсӣ ва илмиву бадеӣ ба фурӯш гузоштааст. Қаҳрамони мо соли 1983 Донишгоҳи савдо ва иқтисодиёти шаҳри Душанберо аз рӯйи ихтисоси молшиносӣ хатм кардааст.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД