Нурбибӣ Мансурова, сокини шаҳри Кӯлоб, ки ҳанӯз дар чордаҳсолагияш ба шавҳар баромада буд, ҳоло соҳиби 15 фарзанд аст. Ӯ мегӯяд, ки дар умум 24 тифл ба дунё овард, аммо нӯҳ тифли навзодашро аз даст додааст.
Нурбибӣ дар як сол 2 фарзанд ҳам таваллуд кардааст, вале на ҳамааш зинда мондаанд. Бояд гуфт, ин зани тоҷик ҳамаи фарзандонашро дар хона таваллуд кардааст.
Ба гуфтаи шавҳараш Қурбоналӣ ҳатто дорувориҳои зиддиҳамл низ натавонистанд ҷараёни ҳомиладоршавии занро пешгирӣ намоянд.