new banner new years
Тоҷикон метавонанд минбаъд бо автобус ба Русия раванд
615

Вазорати нақлиёти Русия дар телеграм-каналаш хабар додааст, ки байни Новосибирск ва шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон хатсайри нави ҳаракати автобусҳо кушода мешавад.

Дар доираи “Ҳафтаи нақлиёт” дар пойтахти Русия - шаҳри Москва байни вазири нақлиёти Русия Роман Старовойт ва вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ин масъала гуфтушунид ба анҷом расида, ҷонибҳо кушодашавии хатсайри нави ҳаракати автобусҳоро дар масири Новосибирск-Хуҷанд барои ҳарду тараф муфид номидаанд.

Санаи аниқи кушодашавии хатсайри нав ҳанӯз маълум нест, вале гуфта шудааст, ки дар ояндаи наздик автобусҳо аз шаҳри Хуҷанд ҷониби шаҳри Новосибирски Русия ҳаракат хоҳанд кард.

Интизор меравад, ки аз дигар шаҳрҳои Тоҷикистон низ ба шаҳрҳои калони Русия хатсайрҳои нави ҳаракати автобус кушода мешавад. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Ироҳим боз гаштани хатсайри ҳаракати автобусҳоро дар масири Новосибирск-Хуҷанд тадбири саривақтӣ номида, таъкид намудааст, ки кушодани хатсайрҳои «Душанбе - Москва», «Бохтар - Москва», «Хуҷанд - Қазон», «Хуҷанд - Москва» ва «Хуҷанд - Екатеринбург» низ ба мақсад мувофиқ аст.

Азим Иброҳим ҳамчунин изҳори умедворӣ намудааст, ки агар дар ояндаи наздик ҳаракати қатораҳо аз Душанбе ба шаҳри Москва ба роҳ монда шавад, натанҳо мусофирбарӣ, балки интиқоли бор низ бамаротиб осонтар хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД