Сергей Миронов иддао дорад, ки ба зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Редератсияи Россияро надиҳанд.
Тоҷикбадбинӣ дар Русия пас аз пош хӯрдани СССР як амри маъмулӣ гаштааст. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар ин кишвар сари ҳар қадам паст мезананд ва “чурка” ва ё “Равшан и Чамшуд” гӯён, лақабҳои таҳқиромез мениҳанд. Тоҷикон дар симои Миронов дар Русия боз як душмани нав пайдо карданд.
Сергей Миронов, сиёсатмадори популисти рус мегӯяд, бояд додани шаҳрвандии Федератсияи Россияро ба зодагони Тоҷикистон то поёни соли 2023 манъ кунанд ва дар ин муддат асноди ҳамаи тоҷикистониҳои аллакай шаҳрвандии Русияро ба даст овардаро аз нав тафтиш кунанд.
Дар изҳороте, ки рӯзи 7 апрел дар сомонаи расмии ҳизби “Справедливая Россия – За правду” нашр шудааст, Сергей Миронов шаҳрванди Русия шудани шумори зиёди тоҷикистониҳоеро, ки ба ақидаи ӯ, “забон, фарҳанг ва анъанаҳои ин кишварро намедонанд” зуҳуроти манфӣ ва “бар хилофи манфиатҳои Русия” номида мегӯяд:
“Давлат бояд ба сурати фаврӣ ба ҷараёни муҳоҷират дахолат карда, пеши роҳи зуҳуроти манфиро дар ин арса бигирад”.