Жасмин Каримова сароянда ва рассоми чандрасонаӣ аст, ки асосан дар бахшҳои мусиқӣ ва санъати тасвирӣ кор мекунад.
Жасмин 10- майи соли 1998 ба дунё омада зодаи Тоҷикистон мебошад.Ин ҳунарманди ҷавон аз хурдӣ ба мусиқӣ шавқу завқи зиёд дошта, ҳанӯз соли 2015 дар барномаи “Овоз”-и телевизиони Ҳолланд бо садои дилфиребаш тамошобинонро ба ваҷд оварда буд.
Ҳарчанд Жасмин дар озмон ҷойи аввалро нагарифта бошад ҳам, навмед нашуд ва аз роҳи интихобкардааш пас нагашт. Баъдтар, ҳунарманд барои сабти албом дар Лос-Анҷелес бо лейбли SDM, ки бо ҳамкорӣ бо ситораҳои саҳнаи ҷаҳонӣ ба мисли Шакира ва Адел маъруф аст, шартнома баст.
Нахустин намоиши Жасмин дар Русия соли 2016 баргузор шудааст. Ҳамзамон ӯ дар консертҳои репсарои рус L'One низ бо забони русӣ суруд хондааст.
Жасмин Каримова ба бисёр давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон аз қабили Австралия, Англия Амстердам ва ғайра сафар карда, ҳунару маҳорати худро намоиш додааст.
Жасмин на танҳо суруд эҷод мекунад, балки ҳангҳоро низ танзим, яъне аранжировка намуда, инчунин наққошҳоро мекашад, ки аллакай дар галереяҳои бонуфуз ба намоиш гузошта шудаанд.
Жазмин Каримова бештар аз асарҳои Эгон Шиеле,Френсис Бэкон ва Пол Гоген мафтун шудааст.