goodwell
Тоҷикистону вилояти Гулистони Эрон ҳамкориҳои саноатӣ ва тиҷоратиро густариш медиҳанд
21.08.2026
Oila.tj
80

Дар ҳошияи маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ миёни вилояти Гулистони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳуҷҷатро раиси вилояти Гулистон Алиасғар Таҳмосибӣ ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир имзо карданд.

Тибқи санади мазкур, ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ дар назар доранд. Аз ҷумла, ҳамкорӣ дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ, истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти ширӣ, тиҷорати ғалладона ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн густариш дода мешавад.

Ба гуфтаи ҷонибҳо, имзои ин санад метавонад барои рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва афзоиши ҳамкориҳои истеҳсолӣ миёни Тоҷикистон ва вилояти Гулистони Эрон заминаи нав фароҳам орад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД