Дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam”-и Токио дар соли 2025 Тоҷикистонро 6 паҳлавон муаррифӣ мекунанд.
Ин мусобиқа рӯзҳои 6 ва 7-уми декабр дар шаҳри Токиои Ҷопон доир мешавад. Дар ин бора ТВ "Варзиш" гузориш додааст.
Ҳайати Тоҷикистон дар “Тоскулоҳи бузург”-и Токио: Обид Ҷебов ва Мусаниф Миробов (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 81 кг), Мизробшо Лоиқов (дар вазни то 90 кг), Муҳсин Малаев (дар вазни то 100 кг).
Ба варзишгароне, ки дар ин мусобиқа медали тило мегиранд, 5 ҳазор евро тақдим мешавад. Барандаҳои медалҳои нуқра соҳиби 3 ҳазор евро ва гирандагони медалҳои биринҷӣ соҳиби 1500 евро мегарданд.