Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ-2026, ки дар Ҷопон баргузор мешаванд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҷудокорбонуи тоҷик Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кг барои Тоҷикистон нишони биринҷӣ гирифт. Ӯ дар рақобат барои медали биринҷӣ ба намояндаи Тайпейи Чин - Лин Чен-Ҳао пирӯз шуд. Ҳамчунин, муштзани тоҷик Парвиз Каримов дар вазни 90 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид. Каримов дар марҳалаи нимниҳоӣ бо намояндаи Чин Хан Хуежен рӯ ба рӯ шуда, бо ҳисоби 0:4 мағлуб шуд. Бо ин натиҷа ӯ дар зинаи сеюм қарор гирифт.
Ҳамин тавр, Аҳлия Муъминова ва Парвиз Каримов ба хазинаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 ду медали биринҷӣ ворид карданд.