Футболбозони то 20-солаи Тоҷикистон дар аввалин бозиашон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бозингарони Шри-Ланкаро бо ҳисоби калони 3:0 шикаст доданд.
Ин бозӣ шаби 23-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар ҷараёни он варзишгари тоҷик Масрур Ғафуров дубл анҷом дода, як голи дигарро Билол Бобоев вориди дарвоза кард.
Акнун дар ҷадвали гурӯҳи “Е” Кореяи Шимолӣ ва Малайзия бо 4-имтиёзӣ дар ҷойҳои якуму дуюм ва Тоҷикистон, ки танҳо як бозӣ кардааст, бо се имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад. Шри-Ланка бидуни имтиёз дар ҷойи охирин аст.
Дар идомаи сабқат рӯзи 25-уми сентябр мунтахаби Тоҷикистон бо рақибони худ аз Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунад. Дар доираи даври чорум рӯзи 27-уми сентябр Тоҷикистон бо Малайзия ва рӯзи 29-уми сентябр бо Умон вориди майдон мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳадафи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа дарёфти роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аст.