Arzon march 2024
Тоҷикистон бо Wildberries ёддошти ҳамкорӣ имзо кард
04.10.2024
Оила.ТҶ
922

Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати Wildberries дар ҳошияи Комиссияи байниҳукуматӣ таҳти раёсати Марат Хуснуллин ва Қоҳир Расулзода як ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноат, ёддоштро Татяна Ким, муассиси ширкати Wildberries ва Ҷумъахонзода Ҷамшед, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо кардаанд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҳамкориҳои иқтисодиро дар масъалаҳои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида, барои рушди мутаносиби иқтисод ва афзоиши фаъолияти соҳибкорӣ дар сегменти онлайн талош варзанд.

- Ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон барои татбиқи самараноки тадбирҳо оид ба рушди иқтидори содиротии соҳибкории маҳаллӣ тавассути тиҷорати онлайн ва соҳаҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард. Таваҷҷуҳи махсус ба дастгирии соҳибкории занон дар назар гирифта шудааст,- меафзояд манбаъ.

«Имзо кардани ёддошти ҳамкорӣ барои мо барои таҳкими муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон як қадами стратегӣ мебошад. Боварӣ дорам, ки таҷриба ва салоҳиятҳои мо ба соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди тиҷорат ва афзоиши миқёси он мусоидат мекунанд. Кор дар Русия ва дигар кишварҳои ҳузурии мо собит мекунад, ки ба шарофати ҳамкорӣ бо платформаи мо истеҳсолкунандагони маҳаллӣ метавонанд ба бозорҳои кишварҳои ИА ва Тоҷикистон дастрасӣ пайдо кунанд»,- қайд кардааст Татяна Ким.

«Бояд гуфт, ки дар назди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шӯрои рушди тиҷорати электронӣ созмон дода шудааст. Ҳамкории мутақобила ва табодули таҷриба бо ширкатҳои бузурге ба мисли Wildberries ва имзои як ёддошти ҳамкорӣ барои мо барои пешбурди тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қадами бузург аст”,- қайд кардааст Ҷумъахонзода Ҷамшед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД