Ин иқдом ба хотири фаъолияти барҷастаи варзишӣ, саҳми арзанда гузоштан дар рушди дзюдои тоҷик ва анҷоми шоистаи фаъолияти варзишии касбии ӯ равона шудааст.
Ширкати FORMULA55 дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон ба пеш!» хизмати шоистаи дзюдочии тоҷик Комроншоҳ Устопириёнро ба инобат гирифта, паҳлавони маъруфи кишварро дастгирии молиявӣ намуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ дастгирии Комроншоҳ Устопириён буд, ки фаъолияти варзишии худро ба анҷом расонидааст. Дар нишасти матбуотӣ собиқ ҷудокори тоҷик нақша ва ҳадафҳои ояндаашро баён дошт, ки дар оянда ба кори мураббигӣ машғул хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки ин варзишгар ба феҳристи довталабон барои ҷоизаи “Беҳтарин варзишгари сол” аз рӯи фарзияи FORMULA55 пешбарӣ шуда, соли 2017 ба ин унвон мушарраф шудааст.
FORMULA55, дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон ба пеш!» ҳар моҳ ба варзишгарон кумаки моддӣ мерасонад.
FORMULA55 - Мо варзишро рушд медиҳем!