Меҳмони навбатии лоиҳаи «Тоҷикистон ба пеш!»-и Ширкати FORMULA55 боз як варзишгари муваффақи кишвар, чемпиони ҷаҳон оид ба бодибилдинг - Ясмин Ан-Нимр гардид.
Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарияти Ширкати миллии букмекерии FORMULA55 ва варзишгари маъруфи тоҷик Ясмин Ан-Нимр баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Ясмин Ан-Нимр моҳи ҷорӣ бори сеюм ба унвони қаҳрамонӣ дар Чемпионати Ҷаҳон даст ёфт, ки ин натиҷаи арзанда дар таърихи риштаи бодибилдинги тоҷик бесобиқа унвон мешавад.
Дастоварди мазкур ширкати мазкурро дар канор нагузошта, барои ҳавасмандии ин парчамбардори кишвар дастгирии худро дареғ надошт.
Ширкати FORMULA55 дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон ба пеш!» ба варзишгарон мунтазам дастгирии молиявӣ расонида, онҳоро барои расидан ба дастовардҳои боз ҳам бузургтар ҳавасманд менамояд.
FORMULA55 - Мо варзишро рушд медиҳем!