formula feb 2025
Тоҷикистон ба интернети баландсуръати 5G мегузарад
376

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад дастрасиро ба интернети насли нави 5G барои мардуми тоҷик таъмин намояд.

Дар ин бора Исфандиёри Саъдулло, роҳбари нави Хадамоти алоқа имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дода, аз ҷумла гуфт: “Айни замон ду ширкати мобилии кишвар - Мегафон ва ТСЕЛЛ ба таври тестӣ насли нави интернети баландсуръати 5G-ро дар амал санҷида истодаанд. Дар сурати бомуваффақият гузаштани санҷиш мехоҳем дар ояндаи наздик дастрасии мардумро ба интернети насли нави 5G таъмин намоем. Суръати он нисбат ба интернете, ки имрӯз истифода мешавад, хеле баланд аст ва ин имкон медиҳад, ки дар навоҳии кӯҳӣ ва минтақаҳои дурдасттарини кишвар низ мардум бо интернети босифат таъмин гарданд...”.

Хадамоти алоқа баҳри вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони стансияҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет беш аз 300 километр хати нахи нуриро насб ва роҳандозӣ кардааст ва умед меравад, ки дар ояндаи наздик суръати интернет дар кишвар баланд хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД