Миҷгона Самадова, варзишгари тоҷик, дар 19-умин Бозиҳои Осиёии Ханчжоу - 2022 дар риштаи бокс медали биринҷӣ ба даст овард.
Самадова дар ин мусобиқа дар байни занон дар вазни то 57 кило баромад карда, ба даври ниманиҳоӣ баромада буд ва имрӯз, 4-уми октябр аз Карина Иброҳимова аз Қазоқистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.
Ҳамин тавр, ин муштзани тоҷик барои ҷои сеюм бо медали биринҷӣ сарфароз гардонида мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки Миҷгона Самадова дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда, роҳхати бозиҳои олимпиро дар Париж-2024 соҳиб гашт.
Миҷгона барои комёбиҳои варзишиаш соҳиби ҷоизаи президентӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ гашта, ҳамчунин раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ин варзишгардухтари тоҷик хонаи якҳуҷрагиро дар пойтахт тақдим менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило соҳиби нишони тилло, Темур Раҳимов дар вазни +100 кило барандаи медали нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кило сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Хайрандеш Муродзода дар риштаи кураш дар вазни то 66 кило ва Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Дар риштаи бокс дар байни мардон дар вазни то 92 кило Давлат Болтаев соҳиби медали тилло гашта, Миҷгона Самадова миёни занон дар вазни то 57 кило нишони биринҷӣ ба даст овард.
Айни ҳол мунтахаби Тоҷикистон бо 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар байни 37 кишваре, ки дар ин соҳиби ҷоиза гаштаанд, ҳам аз рӯи сифати нишонҳо ва ҳам аз рӯи теъдоди умумии медалҳо дар мақоми 20-ум қарор дорад.