Arzon Navruz
"ТОҶИКГИДРОЭЛЕКТРОМОНТАЖ": ДАР РӮЗҲОИ ВАЗНИН ЯКҶОЯ БО ХАЛҚЕМ! (5 акс)
1117

Дар Тоҷикистон пас аз расман ба қайд гирифта шудани COVID-19 ва ба таври оммавӣ аз тариқи телевизионҳои кишвар эълон гардидани он, номи шахсони воломартабаю соҳибкорон ва саховатмандону хайрхоҳон дар сархати ахбори сомонаҳои хабарӣ пайдо гардид.
Бо ташаббуси раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ширкати "Тоҷикгидроэлектромонтаж" бори дувум аст, ки ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе кӯмаки башардӯстона ва шоён дар мисоли маводи тиббӣ расонида истодааст.

Боиси хушнудист, ки ширкати мазкур маротибаи дуюм ба таври ройгон номгӯйи зиёди дастгоҳу таҷхизоти тиббиро ба беморхонаҳои кишвар ҳамчун хайр тақсим намуда, ваъда дод, ки боз дар ин самт дасти мадад дароз хоҳанд кард. 

Арзиши эҳсонкории навбатии ин ширкат худуди 1, 5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бо ин маблағ ширкат 10 дастгоҳи ИВЛ харидорӣ намудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи апрел ширкат аз аввал ташаббускороне буд, ки бо арзиши 5 миллион сомони ҳудуди 20 000 тест, 10 дастгоҳи ИВЛ ва 500 ҷуфт либоси муҳофизатии тиббиро ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе кӯмак намуда буд.

Масъулини ширкат қайд карданд, ки ин иқдом дар ҷавоб ба ғамхориҳои роҳбарияти кишвар дар самти соҳибкории ватанӣ пеш гирифта шудааст.

"Имрӯз вақте табибони мо дар мубориза бо вируси корона қарор доранд, мо набояд бетарафи зоҳир намоем. Бояд якҷоя сар аз як гиребон бароварда, муқобили ин вирус мубориза барем ва барои саломатии аҳолии кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем. Ширкати "Тоҷикгидроэлектромонтаж" дар ин замина чунин иқдомҳои хайрхоҳонаро пеш гирифтааст"- қайд карданд намояндагони ширкат.



Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД