Мадина Фозилова аввалин футболбоздухтари тоҷик мебошад, ки бо бошгоҳи хориҷӣ шартнома бастааст.
Мадина аз зумраи он бонувони ангуштшумори тоҷик мебошад, ки бо футбол машғул аст. Вай орзу дорад, ки ба бошгоҳи футболи Амрико пайвандад.
Қаҳрамони мо 28 сол дошта, ҳанӯз аз овони хурдсолӣ ба варзиш машғул будааст. Вай дар синни 11-солагӣ ба дастаи «Ласток»-и Душанбе ҳамроҳ шуда, аз рӯзҳои аввал мехост дар майдон аз дигар бозигарон фарқ кунад.
Аз ҳамон замон то инҷониб Мадина ҳамеша барои рушди маҳорати футболбозиаш кӯшиш карда, билохира капитани тими занонаи футболи Тоҷикистон таъин гашт. Вай 17 сол шарафи варзишии тими миллии занонаи футболи тоҷикро дар бозиҳои минтақавӣ ҳимоя кардааст.
Фозилова ҳамзамон дар дастаи занонаи “Зебонисо”-и Душанбе низ ҳунарнамоӣ мекард. Соли 2021 ин футболбоздухтари тоҷик ба клуби WFC Nike-и Гурҷистон гузариш кард, аммо бо гузашти вақт ин клубро тарк намуда, ба Молдив рафт.
Мадина Фозилова донишгоҳро бо ихтисоси молия ва қарз хатм карда, айни замон аз рӯи ихтисосаш кор мекунад. Тоҷикдухтари футболбоз муддате аз футбол умуман дур шуда, тасмим гирифтааст, ки ба корҳои касбии худ таваҷҷуҳ кунад.
Мадина мехоҳад дар оянда як тими футболи духтаронаи тоҷикро ташкил карда, тамоми маҳорати омӯхтаашро ба дӯстдорони ин намуди варзиш омӯзонад.